Мубориза бар зидди маводи мухаддир ҷузъи ҳатмии мубориза бо терроризм ва экстремизм эълон гардид
Душанбе, 10.05.2016 /АМИТ «Ховар»/. Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз зимни нишасти матбуотӣ оид ба натиҷаҳои мулоқоту музокироти сатҳи олӣ миёни роҳбарони Тоҷикистону Афғонистон дар ҳузури хабарнигорони дохил ва хориҷи кишвар изҳор кард, ки: «Мубориза бар зидди муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир бояд чун ҷузъи ҳатмии мубориза бо неруҳои терроризм ва экстремизм шинохта шавад».
Сарвари давлат зарурати муборизаи қатъӣ ба муқобили муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддирро таъкид намуда, гуфт: «Рӯйдодҳои охир дар минтақаҳои мухталифи ҷаҳон нишон медиҳанд, ки терроризм, экстремизм ва кочоқи маводи мухаддир ба хатарҳои азимтарини олами муосир табдил ёфтаанд. Майдони фаъолияти даҳшатноку нафратовари терроризм торафт фарох гардида, қувват гирифтани он вазъиятро боз ҳам мураккабтар гардонидааст».
Хотиррасон бояд шуд, ки роҳбарияти олии Тоҷикистон борҳо изҳор кардааст, ки: «Яке аз манбаъҳои асосии маблағгузории терроризми байналмилалӣ даромад аз муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир мебошад».








Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад






