Муколама миёни Иттиҳоди Аврупо ва кишварҳои Осиёи Марказӣ

Май 19, 2016 15:52

Душанбе, 19.05.2016 /АМИТ «Ховар»/. 18 майи соли 2016 дар шаҳри Брюссел ҷаласаи сеюми Муколамаи сатҳи баланд оид ба сиёсат ва амният миёни Иттиҳоди Аврупо ва кишварҳои Осиёи Марказӣ баргузор гардид. Ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистонро муовини вазири корҳои хориҷӣ Музаффар Ҳусейнзода роҳбарӣ намуд.
Зимни муколама иштирокдорон як қатор масъалаҳо, аз ҷумла  татбиқи «Стратегияи Иттиҳоди Аврупо барои Осиёи Марказӣ», масъалаҳои рӯзномаи минтақавӣ ва байналмилалӣ, мубориза бар зидди таҳдиду хатарҳои муштаракро мавриди муҳокима қарор доданд.
Ҳамзамон дар ҳошияи ҷаласа вохӯрии ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо муовини Дабири кулли Хадамоти  амалиёти хориҷии Иттиҳоди Аврупо хонум Ҳелга Шмид баргузор гардид. Зимни мулоқот ҷонибҳо доираи васеи масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳро матраҳ карда, доир ба масъалаҳои минтақавию байналмилалӣ изҳори назар намуданд.

Май 19, 2016 15:52

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
Ҳамёни рақамӣ дар «МегаФон Life» боз ҳам мувофиқтар шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад