Муколама миёни Иттиҳоди Аврупо ва кишварҳои Осиёи Марказӣ
Душанбе, 19.05.2016 /АМИТ «Ховар»/. 18 майи соли 2016 дар шаҳри Брюссел ҷаласаи сеюми Муколамаи сатҳи баланд оид ба сиёсат ва амният миёни Иттиҳоди Аврупо ва кишварҳои Осиёи Марказӣ баргузор гардид. Ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистонро муовини вазири корҳои хориҷӣ Музаффар Ҳусейнзода роҳбарӣ намуд.
Зимни муколама иштирокдорон як қатор масъалаҳо, аз ҷумла татбиқи «Стратегияи Иттиҳоди Аврупо барои Осиёи Марказӣ», масъалаҳои рӯзномаи минтақавӣ ва байналмилалӣ, мубориза бар зидди таҳдиду хатарҳои муштаракро мавриди муҳокима қарор доданд.
Ҳамзамон дар ҳошияи ҷаласа вохӯрии ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо муовини Дабири кулли Хадамоти амалиёти хориҷии Иттиҳоди Аврупо хонум Ҳелга Шмид баргузор гардид. Зимни мулоқот ҷонибҳо доираи васеи масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳро матраҳ карда, доир ба масъалаҳои минтақавию байналмилалӣ изҳори назар намуданд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар






