Мулоқоти А.Қодирӣ бо И.Фролов ва иштироки сафир дар ҷаласаи медиа-клуби «Суғдиён»

Май 26, 2016 15:09

Хуҷанд, 26.05.2016. /АМИТ «Ховар»/.  25 май раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ Сафири Фавқулода ва Мухтори Федератсияи Русия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Игор Лякин — Фроловро ба ҳузур пазируфт. Зимни суҳбат ҷонибҳо аз ҳамкории мутақобилаи кишварҳо изҳори қаноатмандӣ намуда, густариши равобити тиҷоратиро ба манфиати кор арзёбӣ намуданд.       Игор Лякин — Фролов ҳавасмандии соҳибкорон ва ташкилоту муассисаҳои бузурги Русияро дар содироту воридоти молу маҳсулот, аз ҷумла меваю сабзавот, сохтмони иншооти гуногун баён намуд.
Дар ин замина раиси вилояти Суғд иброз дошт, ки дар самти содироту воридоти меваю сабзавот, хушкмеваи бандубастшуда ва масолеҳи сохтмонӣ ҷонибҳо имкони ҳамкории бештар доранд. Дар вилояти Суғд захираи кофии сабзавоту меваҷоти тоза ба туфайли ислоҳоти соҳаи кишоварзӣ фароҳам омадааст ва ба ин намуди маҳсулот дар бозорҳои Русия талабот зиёд аст. Дар ин раванд барои беш гардонидани содироти меваю сабзавот аз Суғд ба минтақаҳои Русия бояд аз қувваи соҳибкорони вилоят васеъ истифода бурд, зеро онҳо дар ин самт солҳои тӯлонӣ фаъолият дошта, талаботи ду кишварро ба хубӣ медонанд ва онро риоя менамоянд. Ин пешниҳоди Абдураҳмон Қодирӣ аз ҷониби дипломати рус бо қаноатмандӣ қабул шуд. Ҳамчунин ҷонибҳо дар доираи суҳбат оид ба ҳамкориҳо дар самти маориф, масоили муҳоҷирати меҳнатӣ ва ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ ибрози акида намуданд.
Сипас, сафири Руссия ба факултаи  филологияи руси Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ташриф оварда, бо донишҷӯён ва устодони факултети филологияи рус мулоқоти судманд анҷом дод.
Ҳамчунин Игор Лякин-Фролов аз бинои Кохи матбуоти маркази вилоят  дидан намуда, дар ҷаласаи 41-уми медиа-клуби «Суғдиён», ки дар назди нашрияи вилоятии Согдийская правда амал мекунад, иштирок намуд. Аз ҷумла ӯ доир ба ҳамкории судманд миёни Тоҷикистону Русия ҳарф зада, зикр намуд, ки рӯзномаи Согдийская правда  ва дар назди он клуби амалкунандаи «Суғдиён», дар раванди тарғибу ташвиқи забони русӣ дар миқёси вилоят ва дар ин замина баҳри равнақи дӯстиву ҳамкорӣ байни вилоятҳои ду давлат саҳми назаррас дорад.

Май 26, 2016 15:09

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад