Мулоқоти А.Қодирӣ бо И.Фролов ва иштироки сафир дар ҷаласаи медиа-клуби «Суғдиён»
Хуҷанд, 26.05.2016. /АМИТ «Ховар»/. 25 май раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ Сафири Фавқулода ва Мухтори Федератсияи Русия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Игор Лякин — Фроловро ба ҳузур пазируфт. Зимни суҳбат ҷонибҳо аз ҳамкории мутақобилаи кишварҳо изҳори қаноатмандӣ намуда, густариши равобити тиҷоратиро ба манфиати кор арзёбӣ намуданд. Игор Лякин — Фролов ҳавасмандии соҳибкорон ва ташкилоту муассисаҳои бузурги Русияро дар содироту воридоти молу маҳсулот, аз ҷумла меваю сабзавот, сохтмони иншооти гуногун баён намуд.
Дар ин замина раиси вилояти Суғд иброз дошт, ки дар самти содироту воридоти меваю сабзавот, хушкмеваи бандубастшуда ва масолеҳи сохтмонӣ ҷонибҳо имкони ҳамкории бештар доранд. Дар вилояти Суғд захираи кофии сабзавоту меваҷоти тоза ба туфайли ислоҳоти соҳаи кишоварзӣ фароҳам омадааст ва ба ин намуди маҳсулот дар бозорҳои Русия талабот зиёд аст. Дар ин раванд барои беш гардонидани содироти меваю сабзавот аз Суғд ба минтақаҳои Русия бояд аз қувваи соҳибкорони вилоят васеъ истифода бурд, зеро онҳо дар ин самт солҳои тӯлонӣ фаъолият дошта, талаботи ду кишварро ба хубӣ медонанд ва онро риоя менамоянд. Ин пешниҳоди Абдураҳмон Қодирӣ аз ҷониби дипломати рус бо қаноатмандӣ қабул шуд. Ҳамчунин ҷонибҳо дар доираи суҳбат оид ба ҳамкориҳо дар самти маориф, масоили муҳоҷирати меҳнатӣ ва ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ ибрози акида намуданд.
Сипас, сафири Руссия ба факултаи филологияи руси Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ташриф оварда, бо донишҷӯён ва устодони факултети филологияи рус мулоқоти судманд анҷом дод.
Ҳамчунин Игор Лякин-Фролов аз бинои Кохи матбуоти маркази вилоят дидан намуда, дар ҷаласаи 41-уми медиа-клуби «Суғдиён», ки дар назди нашрияи вилоятии Согдийская правда амал мекунад, иштирок намуд. Аз ҷумла ӯ доир ба ҳамкории судманд миёни Тоҷикистону Русия ҳарф зада, зикр намуд, ки рӯзномаи Согдийская правда ва дар назди он клуби амалкунандаи «Суғдиён», дар раванди тарғибу ташвиқи забони русӣ дар миқёси вилоят ва дар ин замина баҳри равнақи дӯстиву ҳамкорӣ байни вилоятҳои ду давлат саҳми назаррас дорад.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






