Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Муҳаммад Навоз Шариф
Душанбе, 11.05.2016 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Қасри Миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Муҳаммад Навоз Шарифро, ки барои иштирок дар расми оғози татбиқи лоиҳаи бунёди хатти баланшиддати барқи КАСА-1000 бо сафари корӣ ба Тоҷикистон омадааст, ба ҳузур пазируфт.
Зимни мулоқот аз раванди ҳамкории Тоҷикистон ва Покистон дар соҳаҳои сиёсӣ, тиҷоратию иқтисодӣ, амният,фарҳанг ва илму маориф, ки ояндаи онҳо самарабахш арзёбӣ гардид, изҳори қаноатмандӣ карда шуд.
Тавре таъкид гардид, заминаҳои ҳуқуқии ҳамкории гуногунҷабҳаи байнидавлатии Тоҷикистон ва Покистон дар 50 санади байниҳукуматию байниидоравӣ таҷассум ёфта асоси рушди муносибатҳои байнидавлатиро дар ҳама соҳаҳо таъмин менамоянд.
Изҳори боварӣ карда шуд, ки талошҳои ҳар ду кишвар барои расидан ба мақсадҳои манфиатбор дар роҳи татбиқи лоиҳаи КАСА-1000 самараи нек ба бор оварда дар рушди босуботи иҷтимоиву иқтисодии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ нақши муассир мегузорад.
Дар мулоқот барқарор гардидани робитаҳои мустақими ҳавоӣ дар хатсайри Душанбе-Лоҳур муҳим ва саривақтӣ арзёбӣ гардида барои таъмини бозорҳои Ҷумҳурии Исломии Покистон бо меваю сабзавоти тару тоза ва хушкмеваҳо аз Тоҷикистон изҳори омодагӣ карда шуд.
Ҳарду ҷониб доир ба масоили дигари мавриди таваҷҷуҳ аз ҷумла рушди ҳамкорӣ дар доираи созмонҳои бонуфузи минтақавию ҷаҳонӣ,таҳккими робитаҳои нақлиётию транзитӣ, расидан ба натиҷаҳои баланди ҳаҷми гардиши савдои хориҷӣ, татбиқи лоиҳаҳои дигари афзалиятноки энергетикӣ ва роҳу нақлиётӣ, иштирок дар таъмини амнияту суботи минтақавӣ ва рушди муносибатҳои манфиатбор дар соҳаҳои кишоварзию тандурустӣ табодули афкор намуданд.
Дар мулоқот дигар масоили барои ҳарду ҷониб муҳим мавриди баррасӣ қарор дода шуд.




















Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд
Сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Узбекистон анҷом ёфт
Сарони давлатҳо Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев аз Корхонаи нассоҷии Мергантекс дар шаҳри Бухоро боздид намуданд
Сарони давлатҳо Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиеёв аз мавзеъҳои таърихии шаҳри қадимаи Бухоро боздид намуданд
Дар идомаи сафари давлатӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз шаҳри Тошканд ба шаҳри Бухоро ташриф оварданд
Сарони давлатҳо Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев дар барномаи фарҳангии «Шоми дӯстӣ»-и ходимони санъати Тоҷикистон ва Узбекистон иштирок намуданд
Ифтитоҳи Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Узбекистон
Изҳороти матбуотии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон аз рӯи натиҷаҳои музокироти сатҳи олии Тоҷикистон ва Узбекистон
Имзои санадҳои нави ҳамкорӣ миёни Тоҷикистон ва Узбекистон
Маросими маҷозии ифтитоҳи як қатор иншоот ва оғози татбиқи лоиҳаҳо дар ҳудуди Тоҷикистон ва Узбекистон
Идомаи мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Узбекистон
Оғози мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Узбекистон






