Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо вазири корҳои дохилии Русия Владимир Колоколтсев

Май 24, 2016 10:15

Душанбе, 24.05.2016 /АМИТ «Ховар»/. Субҳи имрӯз Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вазири корҳои дохилии Федератсияи Русия Владимир Колоколтсевро, ки барои иштирок дар ҷаласаи ҳайати Мушовараи якҷояи вазоратҳои корҳои дохилии ду кишвар ба Душанбе бо сафари корӣ ташриф овардааст, ба ҳузур пазируфт.
Дар ҷараёни суҳбат масоили вобаста ба ҳолати кунуниву дурнамои ҳамкории мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон ва Русия, ҳамчунин дигар ҷанбаҳои мубрами муносибатҳои ду кишвар мавриди баррасӣ қарор доштанд.
Президенти кишвар аз ҷониби худ аҳамияти таҳкими минбаъдаи робитаҳо миёни вазоратҳои корҳои дохилии ҳарду кишварро дар заминаи боэътимоди муносибатҳои ҳамшарикии стратегии Тоҷикистон ва Русия қайд намуданд.
Ҳамзамон бо ин, ба натиҷаҳои самарабахши фаъолияти муштараки ҷонибҳо дар қисмати анҷом додани амалиёти фаврӣ ҷиҳати пешгирӣ кардану ошкор намудани ҷиноятҳо, мубориза бар зидди терроризм, ифротгароӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва дигар намудҳои ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ ишора карда шуд.
26934927100_d04767b68c_zЗимнан, Сарвари давлат бо таъкиди як қатор масоили мубраме, ки ҳаллу фаслашон амалҳои минбаъдаи якҷояро тақозо доранд, зарурати идомаи ҳамкории тарафайнро дар самти мубориза ба муқобили  ҷиноятҳои зикргардида  амри зарур донистанд.
Бо назардошти  қарорҳои охири Ҳукумати Федератсияи Русия ҷиҳати ислоҳоти мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар, аз ҷумла ба сохтори вазорати корҳои дохилӣ ворид намудани хадамоти муҳоҷират, дар рафти сӯҳбат ба масъалаҳои муҳоҷирати меҳнатӣ низ таваҷҷуҳи хосса зоҳир гардид.
Дар робита ба ин,  татбиқи пайгиронаи тавофуқоте, ки миёни ду кишвар дар ин  ҷода ба даст омадаанд, аз ҷумла дар қисмати таҳкими раванди ҳифзи ҳуқуқиву иҷтимоии муҳоҷирони меҳнатии Тоҷикистон таъкид гардид.
Президенти Тоҷикистон атрофи ҳодисаи ахири ҳамлаи гурӯҳи ҷиноятӣ ба муҳоҷирони меҳнатии тоҷик дар қабристони Ховани шаҳри Маскав, ки дар натиҷа 3 шаҳрванди Тоҷикистон кушта шуда, даҳҳо нафари дигар ҷароҳатҳои гуногун бардоштанд, бо нигаронӣ изҳори ақида кард.
Сарвари давлати Тоҷикистон таъкидан даъват ба амал оварданд, ки ҷиҳати ба ҷавобгарӣ кашидани ташкилкунандагон ва гунаҳгорони аслии ин латукӯби оммавии шаҳрвандони Тоҷикистон тамоми тадбирҳои зарурӣ андешида шаванд.
Дар фарҷоми суҳбат ҷонибҳо судмандии мулоқоти имрӯзаашонро зикр карда, изҳори боварӣ намуданд, ки ҳамкории сохторҳои ҳифзи ҳуқуқи ду кишвари дӯст дар оянда низ густариш хоҳанд ёфт.

Май 24, 2016 10:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи Парчами давлатӣ
Сафари кории Президенти Федератсияи Русия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба анҷом расид
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин мулоқот намуданд
Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин бо сафари корӣ ба Тоҷикистон ташриф овард
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон муовини Котиби давлатии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Кристофер Ландауро ба ҳузур пазируфтанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Беморхонаи байналмилалии Душанберо мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ҶДММ «Зари Душанбе»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои шуъбаи Бозрасии давлатии автомобилии раёсати ВКД дар шаҳри Душанберо ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин мулоқоти корӣ анҷом доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Шурои амнияти дастҷамъии СААД иштирок намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ вориди шаҳри Москваи Федератсияи Русия шуданд
Сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Федератсияи Русия