Мулоқоти Қоҳир Расулзода бо роҳбарони ҳайатҳои кишварҳои узви Иттиҳоди минтақавӣ дар соҳаи алоқа
Душанбе, 24.05.16 /АМИТ «Ховар»/. Имрўз Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода бо роҳбарони ҳайатҳои кишварҳои узви Иттиҳоди минтақавӣ дар соҳаи алоқа мулоқот кард.
Бо таъкиди муҳимияти нақшаю барномаҳо ва тадбирҳои амалинамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи алоқа, Сарвазири мамлакат изҳор дошт, ки мақоми Иттиҳоди минтақавӣ дар соҳаи алоқа дар шароити ниҳоят мураккаби авзои ҷаҳон, хусусан дар шароите, ки ҷиноятҳои марбут ба алоқа ва интернет афзоиш меёбанд, бояд боз ҳам баланд бардошта шуда, робитаю ҳамкории соҳавӣ тақвият бахшида шаванд.
Дар мулоқот доир ба тақвияти ҳамкории минбаъда дар соҳаи алоқаву технологияҳои иттилоотию комуникатсионӣ ва фаъолгардонии кори Иттиҳоди минтақавӣ дар соҳаи алоқа табодули афкори судманд баргузор шуд.
Таъкид гардид, ки қарорҳои Шўрои роҳбарони сохторҳои алоқаи кишварҳои узви Иттиҳоди минтақавӣ дар соҳаи алоқа, ки ин навбат дар шаҳри Душанбе доир мегардад, дар оянда ба тақвияти ҳамкории минтақавӣ ва пешрафти ин соҳаи муҳим дар кишварҳои аъзои Иттиҳод мусоидат менамояд.








Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад






