Нақшаи даъвати шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ 88 фоиз иҷро шуд

Май 11, 2016 15:21

Душанбе, 11.05.16 /АМИТ «Ховар»/. Иҷрои нақшаи даъвати шаҳрвандон ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ дар ҷумҳурӣ 88 фоиз иҷро шуд.
Тавре ки ба АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти Вазорати мудофиаи ҶТ хабар доданд, ҳамчунин то имрӯз иҷрои нақша дар ВМКБ 93 фоиз, дар вилояти Суғд 84 фоиз, комиссариатҳои ҳарбии ноҳияҳои тобеи марказ 83 фоиз ва дар чаҳор навоҳии пойтахт дар давоми 40 рўзи ин чорабинии муҳими сиёсӣ 66 фоизро ташкил медиҳад.
Шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон, чор ноҳияи Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон ва ҳафт шаҳру навоҳии вилояти Суғд нақшаи даъвати шаҳрвандон ба хизмати ҳатмии ҳарбиро пурра иҷро намуданд.
Ёдовар мешавем, ки даъвати баҳории шаҳрвандон ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ, аз 1 апрел дар тамоми шаҳру навоҳии мамлакат оғоз гардида, он то 31 май идома меёбад.
Қобили зикр аст, ки дар баробари даъвати ҷавонписарони аз 18 то 27- солаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин тибқи талаботи ин фармон ва мутобиқи моддаи 7 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мудофиа» хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд, моҳҳои апрел-майи соли 2016 аз сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қўшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қўшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қўшунҳои мудофиаи граждании Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бригадаи посбоникунандаи Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба эҳтиёт рухсат дода мешаванд.

Май 11, 2016 15:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид