«Нақши ВАО дар ҳамгироии кишварҳои Осиёи Марказӣ» -конфронс дар ДМТ

Май 19, 2016 16:59

Душанбе, 19.05.2016 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз бо ташаббуси кафедраи журналистикаи байналхалқии факултети журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон  таҳти унвони «Нақши ВАО дар ҳамгироии кишварҳои Осаиёи Марказӣ» конфронси илмию амалии байналхалқӣ доир гардид.
Ба андешаи  мудири кафедраи журналистикаи байналхалқӣ, номзади илмҳои филология Абдулмумин Қутбиддинов, баргузории чунин конфронс барои омӯзгорону муҳаққиқон ва аспирантону магистрони факултаи журналистика муҳим ва саривақтӣ аст, зеро ҷаҳони имрӯза ҷаҳони иттилоот, таъсиррасонӣ ва набардҳои иттилоотӣ мебошад.
Осиёи Марказӣ  садсолаҳо боз мавриди таваҷҷуҳи абарқудратон қарор дошта, Аврупою Осиёро ба ҳам мепайвандад ва он минтақае мебошад, ки ҳар нафаре, ки дар ин минтақа таъсир ва нуфуз дорад, ҷаҳонро идора карда метавонад, -гуфт  Абдулмумин Қутбиддинов.
Ҳамчунин номбурда илова намуд, ҳоло хурсандиовар он аст, ки кишвархои Осиёи Марказӣ метавонанд дар муқобили мушкилоти ҷаҳоние, ки дар раванди ҷаҳонишавӣ пайдо мешаванд, истодагарӣ намоянд.
Боиси тазаккур аст, ки   дар ҳамаи ин ҷабҳаҳо ВАО нақш дорад  ва  метавонад худшиносии мардумро ба вуҷуд оварда, дар ҷаҳонбинии онҳо таъсири худро расонад.

Май 19, 2016 16:59

Хабарҳои дигари ин бахш

Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид