“Набзи ҷавонон”-маҳфили мубоҳисавӣ-сиёсӣ дар Суғд

Май 6, 2016 13:57

Душанбе, 06.05.2016./АМИТ«Ховар»/. “Набзи ҷавонон”- чунин ном дорад  маҳфили мубоҳисавӣ — сиёсие, ки  дар назди Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд таъсис ёфтааст.  Баланд бардоштани маърифати сиёсӣ,  ҳисси ватандӯстӣ, хештаншиносӣ, ғурури миллии ҷавонон  ва тарғиби ғояҳои созандаи ҲХДТ аз ҳадафҳои аслии маҳфил ба ҳисоб рафта, он минбаъд моҳе ду маротиба баргузор гардида, асосан ҷавононро фаро мегирад.

— Фирдавс Ҳоҷиев, мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти Кумиҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд  зикр намуд, ки вазъи кунунии ҷаҳон, махсусан густариши терроризм ва экстремизм аз ҷавонон ҳушёрии сиёсиро тақозо дорад. Дар баробари зиракӣ, эҳтиром ба арзишҳои милливу суннатӣ низ зарур аст ва ба қавли Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон: “Тарғиби идеяҳои мухолиф ба арзишҳои миллӣ аз тарафи хоинони миллат, парастиши радикализми динӣ ва фаъолияти созмонҳои ифротӣ ба сохти конститутсионӣ пайомадҳои хатарнок дорад”.

Бо дарки ҳамин маънӣ маҳфили “Набзи ҷавонон” мубориза ва пешгирии зуҳуроти номатлуби асрро рисолати худ қарор додааст. Яке аз роҳҳои мубориза бо терроризм ва экстремизм таҳким бахшидани амнияти иттилоотӣ аст. Ташкилкунандагони маҳфил барои амалӣ кардани ин иқдом барномаҳои мушаххас дар даст доранд ва  аз тариқи баргузории маҳфилҳо ин ғояҳоро ба ҷавонон талқин хоҳанд кард,-  афзуд  Ф. Ҳоҷиев.

Дар ин бора аз Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд иттилоъ доданд.

 

Май 6, 2016 13:57

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
Ҳамёни рақамӣ дар «МегаФон Life» боз ҳам мувофиқтар шуд