Намоишгоҳи байналмилалии «Маҷмўи бехатарӣ- 2016» дар Маскав
Душанбе, 18.05.2016 /АМИТ «Ховар»/. Намоишгоҳи IX байналмилалии таҷҳизоти бехатарӣ « Маҷмўи бехатарӣ- 2016 » 17 май дар шаҳри Маскав ба кори худ шурўъ кард.
Дар кори он раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустам Назарзода иштирок намуд.
Дар доираи намоишгоҳи махсус, Р.Назарзода бо Дабири кулли Созмони байналмилалии мудофиаи гражданӣ В.Кувшинов вохўрд. Инчунин раиси КҲФ ва МГ бо сардори Академияи мудофиаи граждании Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Федератсияи Русия П.Баришев ва бо шунавандагони Академия, ки аз ҷониби Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати ҶТ барои омӯзиш равона карда шудаанд, мулоқот намуд.
Ҳамчунин Р.Назарзода дар машқҳои намоишӣ, ки дар доираи омӯзиши Намоишгоҳи байналмилалии таҷҳизоти бехатарӣ «Маҷмўи бехатарӣ — 2016» баргузор шуданд, иштирок намуд.
Имрӯз, 18 май раиси Кумита бо вазири ҳолатҳои фавқулодаи Федератсияи Русия В.Пучков вохӯрд.








Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад






