Нопадид шудани ҳавопаймои ширкати «Egypt Air» дар баҳри Миёназамин

Май 19, 2016 13:34

Душанбе, 19.05.2016 /АМИТ «Ховар»/. Ҳавопаймои ширкати «Egypt Air»-и Миср, ки аз Париж ба Қоҳира бо хатсайри MS804 парвоз мекард, аз радари танзимгарон нопадид шудааст. Дар ин бора шабакаи телевизионии «Скай Нюс-Арабия» хабар дод.
Бино ба иттилои шабакаи телевизионии «Россия 24», дар борти ҳавопаймои А320   58 мусофир қарор доштанд. Аз рӯи баъзе маълумот, халабонҳо бори охир дар фазои Афина ва бино ба маълумоти дигар, дар ҳарими ҳавоии Туркия ба алоқа баромадаанд.
Вазорати авиатсияи граждании Миср хабар медиҳад, ки гурӯҳҳои ҷустуҷӯӣ-наҷотдиҳӣ аллакай ба ҷустуҷӯи ҳавопаймои гумшуда баромадаанд. Ба ин гурӯҳ ҳайати авиатсияи ҳарбии Миср ва Юнон шомил аст.

Май 19, 2016 13:34

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд