Ғолибони озмуни «Донишҷӯи сол» муайян шуданд

Май 26, 2016 16:46

Душанбе, 26.05.2016 /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз бо ибтикори факултети муносибатҳои байналмиллалии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бахшида ба Ҳафтаи ҷавонон ва ҷашни 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бинои асосии донишгоҳ даври ниҳоии озмуни «Донишҷӯи сол» баргузор гардид.
Ба  иттилои декани факултети муносибатҳои байналмилалии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Холаҳмад Самиев, озмуни «Донишҷӯи сол» аз рӯи 7 бахш ба роҳ монда шуда, дар ҳар як бахш ғолиб муайян карда шуд ва  дар бахши «Беҳтарин тарғибгари тарзи ҳаёти солим» донишҷӯи курси 3-юми гурӯҳи русии бахши минтақашиносии факулта  Абдурабӣ Рабизода бо пешниҳоди филми кӯтоҳҳаҷм бо номи «Сарнавишти ҷавони гумроҳ» ғолиби озмун гардид.
Хамчунин  Акбар Мухторов, Аҳмад Муртазоев, Раҷабмоҳ Назарова ва Гуларус Шоева ғолиб дониста шуданд.
Мақсади баргузории озмуни «Донишҷӯи сол» ин дарёфти истеъдодҳои беҳтарин ва ҷалби онҳо ба корҳои илмию ҷамъиятӣ мебошад.

Май 26, 2016 16:46

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад