«Ҷомеаи солим-аз оилаи солим»-чорабинии фарҳангӣ- маърифатӣ дар ДТТ

Май 13, 2016 17:22

Душанбе, 13.05.2016 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади баланд бардоштани маърифати оиладорӣ ва масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд, омода намудани фарзандон ба ҳаёти мустақилона, пойдории оила, инчунин пешгирии ҷудошавии оилаҳои ҷавон ва никоҳи хешовандӣ имрӯз дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. Осимӣ чорабинии маърифатӣ- фарҳангӣ таҳти унвони «Ҷомеаи солим- аз оилаи солим» баргузор гардид.
Дар чорабинии мазкур оилаҳои намунавӣ ва зиёии пойтахт иштирок намуд,а аз ҳаёту зиндагӣ ва устувор мондани оилаи худ ба донишҷӯён қисса намуданд ва онҳоро дар оиладорӣ ба ҳамдигарфаҳмиву эҳтиром намудани тарафайн даъват карданд.
Ашӯр Ашӯров, муовини ректори Донишгоҳи техникии Тоҷикистон иброз дошт, ки масъалаи муҳиме, ки имрӯз ҷомеаро ба ташвиш овардааст пошхӯрии оилаҳои ҷавон мебошад, зеро ҳамасола шумораи ин гуна оилаҳо дар афзоиш буда, зарари манфии худро ба ҷомеа мерасонанд.

Май 13, 2016 17:22

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад