Ошкор гардидани 18 ҳазор диск бе ҳуҷҷати тасдиқкунандаи воридотӣ
Душанбе, 30.052016./АМИТ «Ховар»/. Зимни гузаронидани амалиёти гумрукӣ кормандони Хадамоти гумруки кишвар дар ҳудуди бозори «Корвон»-и пойтахт мошини тамғаи «Опел»-ро, ки ба шаҳрванд М.Ғ тааллуқ дошт, боздошт намуданд. Аз дохили мошини мазкур 30 ҳазор диски истифоданашуда ошкор карда шуд. Маълум гардид, ки шаҳрванд М. Ғ ҳамчун ронандаи мошини кироя молҳои шаҳрвандонро аз шимоли кишвар ба пойтахт меовардааст.
30 ҳазор диски истифоданашуда ба соҳибмулк Т.Ғ, тааллуқ дошта, мавсуф танҳо барои 12 ҳазор адад диск ҳуҷҷати тасдиқкунандаи воридотӣ пешниҳод карда тавонист. Соҳибмулк Т.Ғ иброз намуд, ки дискҳоро ҳангоми ба фаъолияти соҳибкорӣ машғул будан ба даст овардааст ва ба мақомоти гумрук барои ихтиёран ба расмияти гумрукӣ даровардан бо аризаи расмӣ муроҷиат намуд. Дафтари матбуоти Хадамоти гумруки кишвар иттилоъ медиҳад, ки тибқи моддаи 435-и Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон моли боздоштшуда ба расмияти гумрукӣ дароварда шуд.








Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад






