Паҳлавонҳои дзюдои ҷаҳон дар Боку ҷамъ меоянд

Май 6, 2016 14:35

Душанбе, 6.05.2016 /АМИТ «Ховар»/. 6-8 май дар шаҳри Бокуи Озарбойҷон мусобиқаи байналмилалии дзюдо «Grand slam» («Тоскулоҳи бузург») бо ширкати 519 паҳлавон аз 82 кишвари ҷаҳон ҷараён мегирад, ки дар он паҳлавонони Тоҷикистон низ дар ҳайати Муҳаммадмурод Абдураҳмонов, Саидҷалол Саидов ва Фарҳод Раҳимов иштирок доранд. Маблағи ҷоизавии ин мусобиқа 154 000 доллари амрикоиро ташкил медиҳад. Паҳлавонон дар вазнҳои 60, 66, 73, 81, 90, 100, +100 кило ҳунарнамоӣ мекунанд.
Аз рӯи қуръакашӣ Фарҳод Раҳимов дар вазни то 81 кило рӯзи 7 май дар даври аввал бо Карлос Луз (Португалия) қувваозмоӣ хоҳад кард. Ғолиби ин ҷуфтро Яромир Мусил (Ҷумҳурии Чех) интизор аст.
Саидҷалол Саидов дар вазни то 100 кило бо Рафаэл Бузагарини (Бразилия) ва Муҳаммадмурод Абдураҳмонов дар вазни беш аз 100 кило бо Мичел Ҳорак (Ҷумҳурии Чех) вориди рақобат мешаванд.
Мусобиқа дар байни занон низ гузаронида мешаванд.
Аз рӯи натиҷаи мусобиқа паҳлавонҳо имтиёзҳои олимпии Бозиҳои Рио- 2016 ро сазовор мегарданд.

Май 6, 2016 14:35

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад