«Парӣ аз паси кӯҳи Қоф» — дар шаҳри Гулистон

Май 26, 2016 17:09

Гулистон, 26.05.2016. /АМИТ «Ховар»/. Филми нави ҳунарии коргардони телевизиону кинои тоҷик Баҳроми Сайфиддин бо номи «Парӣ аз паси кӯҳи Қоф» дар Кохи Истиқлоли шаҳри Гулистон пешкаши тамошобинон гашт.
Тавре ки ба  хабарнигори АМИТ Ховар масъули хадамоти матбуотии шаҳрдори Гулистон Рустами Одизода хабар дод, филми тозанашр дар деҳаи Вешаби ноҳияи Айнӣ ба навор гирифта шуда, сужаи асосии он аз ишқи софу беолоиши ду навҷавони кўҳистон- Ворису Моҳпарӣ ва ҳамчунин  талоши онҳо ҷиҳати ба соҳили мурод расидан хеле самимиву одӣ ба навор бардошта шуда баёнгари инъикоси воқеии ҳаёти кунунист.  Ҳамчунин  суруду тарона ва рақсҳои ҷолиби миллие, ки дар филм ифода шудаанд,  муҳтавои рӯйдодҳои онро пурра намудаанд.
Тамошои филм бинандаро ба андеша водор сохта, аз содир кардани иштибоҳу ноҷўриҳои рўзгор ва пешгирӣ аз онҳо ҳушдор медиҳад.
Ба иттилои манбаъ, нақшҳои асосиро дар филми мазкур ҳунармандони шинохта Н.Абдуллоев, Г.Абдуллоева, Ф.Абдуллоев, Д.Умарова, К.Ғафуров, Ҷ.Сироҷов, С. Ақназарова, Ф. Холҷонов  ва чандеи дигарон басо моҳирона бозидаанд.

Май 26, 2016 17:09

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад