«Парӣ аз паси кӯҳи Қоф» — дар шаҳри Гулистон
Гулистон, 26.05.2016. /АМИТ «Ховар»/. Филми нави ҳунарии коргардони телевизиону кинои тоҷик Баҳроми Сайфиддин бо номи «Парӣ аз паси кӯҳи Қоф» дар Кохи Истиқлоли шаҳри Гулистон пешкаши тамошобинон гашт.
Тавре ки ба хабарнигори АМИТ Ховар масъули хадамоти матбуотии шаҳрдори Гулистон Рустами Одизода хабар дод, филми тозанашр дар деҳаи Вешаби ноҳияи Айнӣ ба навор гирифта шуда, сужаи асосии он аз ишқи софу беолоиши ду навҷавони кўҳистон- Ворису Моҳпарӣ ва ҳамчунин талоши онҳо ҷиҳати ба соҳили мурод расидан хеле самимиву одӣ ба навор бардошта шуда баёнгари инъикоси воқеии ҳаёти кунунист. Ҳамчунин суруду тарона ва рақсҳои ҷолиби миллие, ки дар филм ифода шудаанд, муҳтавои рӯйдодҳои онро пурра намудаанд.
Тамошои филм бинандаро ба андеша водор сохта, аз содир кардани иштибоҳу ноҷўриҳои рўзгор ва пешгирӣ аз онҳо ҳушдор медиҳад.
Ба иттилои манбаъ, нақшҳои асосиро дар филми мазкур ҳунармандони шинохта Н.Абдуллоев, Г.Абдуллоева, Ф.Абдуллоев, Д.Умарова, К.Ғафуров, Ҷ.Сироҷов, С. Ақназарова, Ф. Холҷонов ва чандеи дигарон басо моҳирона бозидаанд.








Бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ дар ноҳияи Ёвон чорабинии бошукуҳи идона баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ ба ифтихори Рӯзи Парчами давлатӣ ҳамоиши идона доир гардид
Ҳайати Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон бо Парчами давлатии 500-метра дар роҳпаймоии идона иштирок намуданд
Сокинони Бадахшон Рӯзи Парчами давлатиро бо шукуҳу шаҳомати хосса таҷлил карданд
24 НОЯБР — РӮЗИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ. Он яке аз рамзҳои асосию муқаддаси давлатдории миллӣ ба ҳисоб меравад
Аз 1 январи соли 2027 тартиби содагардонидаи гирифтани иҷозатнома барои фаъолияти таксӣ амалӣ мегардад
ҲАММАРОМИ «ДИРАФШИ КОВИЁН». Парчами давлатӣ танҳо рамз нест, балки нишони нангу номус, шараф ва ягонагии тамоми сокинони Тоҷикистон аст
Дар Душанбе таҳти унвони «Парчам – роҳнамои ояндаи босаодат» ҳамоиш доир шуд






