«Парчами миллӣ-ифтихори ман!»-ҳамоиш дар Кӯлоб
Кӯлоб, 21.05.2016 /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз бахшида ба Рӯзи ҷавонон бо ташаббуси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Кӯлоб дар якҷоягӣ бо Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» дар доираи нақша-чорабиниҳои 25 ҳафтаи иқдомҳои ТҶҶ «Созандагони Ватан» таҳти унвони «Парчами миллӣ-ифтихори ман!» бо иштироки беш аз 500 нафар ҷавонон дар маркази шаҳри Кӯлоб ҳамоиш баргузор шуд.
Тавре ки аз Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб хабар доданд, мақсад аз баргузории ҳамоиш ин эҳтиром нисбат ба Парчаму парчамдорӣ, ҷавонон пайрави Пешвои миллат ва ҷавонон муҳофизи дастовардҳои 25 соли даврони соҳибистиқлолӣ мебошад.
Пас аз анҷоми ҳамоиш ҷавонон дар барномаи консертии ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Коллеҷи санъат»-и шаҳри Кӯлоб ба номи Кароматулло Қурбонов, ки дар Театри вилоятии мусиқӣ- мазҳакавии ба номи Сайдалӣ Вализодаи шаҳри Кӯлоб доир гардид, иштирок намуданд.








Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад






