Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ва рушди соҳаи энергетика

Май 18, 2016 09:55

Душанбе, 18.05.2016 /АМИТ «Ховар/. Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тӯли фаъолияти сиёсии худ соҳаи энергетикаро афзалиятнок шумурда, ба тараққиёти  он аҳамияти махсус медиҳад. Воқеан ҳам кишвари мо,  ки дорои  захираҳои азими неруи барқи обист, метавонад дар таъминоти ҳам дохилии худ ва ҳам тамоми минтақа нақши калидӣ дошта бошад ва барои пешрафти иқтисодиёт нақши муҳим бозад.

Ба ҳайси Сарвари давлат яке аз аввалин сафарҳои кории Сарвари давлат рӯзи 14 марти соли 1993, ба НБО-и  Норак баргузор шуда буд.  Он рӯз бо кормандони ин неругоҳ, ки маркази асосии истеҳсоли барқи кишвар ба шумор меравад, суҳбати гарму самимӣ дошт. Ӯ энергетикҳоро рӯҳбаланд намуд, ки Ҳукумати кишвар ва шахсан худи ӯ ба қадри ин иншооти муҳимтарини энергетикӣ ва ҳар як корманди он мерасанд. Пешвои миллат ба гапаш истод. Бо дастури Пешвои миллат аз соли 2006 таҷдиди неругоҳи барқии обии Норак оғоз ёфт. То ин дам чунин корҳои навсозӣ ба анҷом расонида шуданд: дар соли 2009 чархи кории  агрегати №3 ба чархи нави иқтидораш баланд иваз карда шуд; дар соли 2012 тамоми таҷҳизоти дастгоҳи тақсимоти кушода -220кВ ба таҷҳизоти нави замонавии элегазии ДТПЭ – 220кВ иваз карда шуд: дар солҳои 2010 – 2014 дар агрегати №8 чархи кории нав васл карда шуда, бори аввал дар таърихи неругоҳ таъмири асосии дарбанди куравӣ гузаронида шуд ва чанд рӯз пеш,  27 апрели соли 2016 дар доираи сафари корӣ ба шаҳри Норак Сарвари давлат дастгоҳи тақсимкунандаи пӯшидаи элигазии-500кВ-ро ба кор даровард.

Ҳамин тариқ, барои корҳои таҷдиду барқарорсозии неругоҳи Норак  тӯли 10 соли соҳибистиқлолӣ, аз соли 2006 то соли 2016  ба маблағи 627 миллиону 219 ҳазору 557 сомонӣ хароҷот шудааст.

nur

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар Маркази танзими барқи НБО-и Норак

Аввалҳои солҳои навадум, ҳарчанд нооромиҳои ҷомеа пурра бартараф нашуда, проблемаҳои иҷтимоӣ хеле зиёд буданд, дар яке аз иншооти муҳимтарини он рӯзҳо  сохтмони Неругоҳи барқи обии «Помир-1» бо ташаббуси Сарвари давлат на танҳо кор таваққуф нашуд, балки суръат гирифт. Дар ҳамон маврид, Сарвари давлат ба вазъияти душвор ва барои ҳаёти шахсии ӯ хатарнок нигоҳ накарда, шахсан дар ифтитоҳи расмии ба кор оғоз намудани   навбати якуми ин неругоҳ бо тавоноии 14 000 кВт, ки  26 марти соли 1994 баргузор шуд,  иштирок ва суханронӣ намуд.

????????????????????????????????????

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз нерӯгоҳҳо барқи обии  ВМКБ

Сарвари давлат дар ҳар сафару вохӯриҳои дохилӣ ва хориҷӣ  рушди соҳаи энергетикаи кишварро афзалиятнок муаррифӣ месозад ва бобати истифодаи захираҳои гидроэнергетикии кишвар пешниҳодоти судманд ба миён мегузорад. Бунёди Неругоҳи барқи обии «Сангтӯда-1»  аз лоиҳаи муҳимтарини амалишудаи солҳои истиқлолият  ба шумор меравад. Аз солҳои нахустини Истиқлолияти давлатӣ бо дастгирии Сарвари давлат кор дар сохтмони Сангтӯда аввал бо қувваи худӣ, ҳарчанд дар ҳаҷми хурд ҳам бошад, оғоз ёфт. Аз ҳама муҳимаш, он чизе вуҷуд дошт, ҳифз шуд, коре, ки то ин дам иҷро гардида буд, идома меёфт. Вале маълум буд, ки барои анҷоми ин гуна сохтмони бузург маблағи калон ва ҳамкориҳои судманд заруранд.

Зимни  ташрифи расмии Президенти Федератсияи Русия В.Путин ба Ҷумҳурии Тоҷикистон 16 октябри соли 2004 Созишномаи байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Русия дар бораи тартиб ва шароити ширкати Федератсияи Русия дар сохтмони Нерӯгоҳи «Сангтӯда-1»    ба имзо расид ва  ин дар тӯли солҳои минбаъда бо муваффақият амалӣ гашт. Тибқи нақша, 15 апрели соли 2005 сохтмони Неругоҳи «Сангтӯда-1»   оғоз ёфт ва 31 июли соли 2009 он пурра ба истифода дода шуд. Пешвои миллат ба бунёд ёфтани ин неругоҳ таваҷҷуҳи хоса дошт ва дар маросимҳои ба кор даровардани ҳар чор агрегати он ширкат варзид ва суханронӣ намуд.

Бешубҳа,  дар Тоҷикистон бунёд ёфтани Неругоҳи «Сангтӯда-1»-ро баъди ба даст овардани истиқлолият  метавон ҳодисаи таърихӣ дар соҳаи гидроэнергетикаи кишвар номид. Аҳол ин неругоҳ соле то 1,7 миллиард кВт.соат неруи барқ истеҳсол менамояд.

nur2

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар байни бунёдгузорони НБО-и «Сангтӯда-1»

Бунёди Неругоҳи «Сангтӯда-2» низ натиҷаи сиёсати бобари хориҷии энергетикии Пешвои миллат аст. Оғози гуфтушунидҳо бобати бунёди «Сангтӯда-2», ки аз ин пеш танҳо дар лоиҳа вуҷуд дошт, аз   12 сентябри соли 2004 бо Президенти ҳамонвақтаи  Ҷумҳурии Исломии Эрон Сайид Муҳаммад Хотамӣ оғоз ёфта, моҳи январи соли 2005 ҳангоми сафари расмии Президенти мо ба Эрон дар гуфтушунид бо Президенти ҳамонвақтаи  Ҷумҳурии Исломии Эрон Маҳмуди Аҳмадинажод санади бунёди он имзо гашт. Баъди  корҳои такмили лоиҳа ва тайёрӣ 20 феврали соли 2006 расми тантанавии оғози сохтмон баргузор шуд.

Ҳоло Неругоҳи барқи обии «Сангтӯда-2», ки дар он 2 агрегати иқтидори ҳар кадомашон 110 МВт пайваст гардидааст, бо муваффақият фаъолият дорад. Дар чор соли фаъолият ин кохи нур зиёда аз  2 515 миллион кВт.соат неруи барқ истеҳсол намудааст.

nur3

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми ифтитоҳи чархи якуми НБО-и «Сангтӯда-2»

Дигар лоиҳаи энергетикӣ, ки самараи ташаббус ва обрӯву нуфузи сиёсии Сарвари давлати мо мебошад,  ин Маркази барқу гармидихии Душанбе-2 аст, ки навбати аввали он бо 100 мВт иқтидори энергетикӣ ва 67,95 Гкал гармӣ аллакай фаъолият дорад.

Баъди пурра ба истифода додани МБГ-2, ки охири соли равон ба нақша гирифта шудааст,  иқтидори энергетикии  он ба 400 МВт ва иқтидори гармидиҳиаш ба 235,46 Гкал баробар хоҳад шуд.

Афзалияти аз ҳама муҳим дар шароити имрӯзаи Тоҷикистон, ки алҳол гази табиии худӣ надорад ва имкони аз хориҷи кишвар низ ворид кардани он аз миён рафтааст, бо ангишт кор кардани ин марказ мебошад. Мавриди зикр аст, ки бо вуҷуди бо ангишт кор кардани маркази нави барқу гармидиҳӣ зарари экологии он ба муҳити зист дар ҳадди камтарин аст, зеро дар он таҷҳизоти муосири поксозии чангу дуд васл гардидааст. Гузашта аз ин, дар ин марказ чунин таҷҳизот васл гардидааст, ки дар сурати дастрас шудани гази табиӣ он метавонад ба истифодаи ин навъи сӯзишворӣ гузаронда шавад.

nur4

Агрегати якуми навбати аввали МБГ «Душанбе-2» ба кор дароварда шуд.

Ҳамин тариқ, аз ҳисоби ба кор даровардани иқтидорҳои нав дар солҳои истиқлолият иқтидори энергетикии кишвар ба қадри зиёда аз 1020 мВт афзоиш ёфт.

Баробари ин ҳама, дар рушди соҳаи энергетика бунёду таҷдиди инфрасохторҳои хизматрасон ва интиқоли барқ хеле муҳим аст. Аз ин рӯ, бунёди хатти  интиқоли барқи 500 кВ – и «Ҷануб — Шимол» ва 220 кВ- и «Лолазор — Хатлон» аз тадбирҳои хеле дурандешона ва оқилона буд, ки дар солҳои истиқлолияти давлатӣ      дар кишвари мо амалӣ гардиданд.

Махсусан, амалӣ гардидани лоиҳаи хатти  интиқоли барқи 500 кВ – и «Ҷануб — Шимол», низоми  барқи то ин вақт ҷудобудаи вилояти Суғдро бо низоми марказии барқи Тоҷикистон пайванд намуд ва низоми ягонаи энергетикии кишварро ташкил дод.

Дар баробари ин, барои беҳтар гардидани вазъи таъминоти шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд бо қувваи барқ  дар раванди татбиқи лоиҳаи мазкур инчунин  як қатор корҳои  дигар, аз ҷумла дар масофаи 32 километр кашидани се хатти интиқоли барқи 220 – киловолта низ ба анҷом расонида шуд.   26 сентяби соли 2011 ХИБ 220 кВ “Хуҷанд – Айнӣ” ва 19 октябри соли 2015 ХИБ 220кВ “Қайроққум-Ашт” ба истифода дода шуд, ки ин таъминоти барқро дар сар то сари вилояти Суғд беҳтар кард.

Бояд хотиррасон намуд, ки дар давраи истиқлолият вобаста ба пешрафти  иқтисодиёт ва беҳбудии ҳаёти мардум, талабот ба барқ низ сол то сол зиёд мегардад. Афзудани шумораи аҳолӣ, бунёди манзил, ба кор даромадани ҳазорон корхонаву коргоҳҳои нави истеҳсоливу хизматрасонӣ истеҳсоли неруи барқи иловагӣ тақозо доранд.

Дар Паёми имсолаи Сарвари давлат зикр шуда буд: “Соли 2016 мо нақша дорем, ки дар ҳаҷми 300 мегаватт иқтидорҳои иловагии энергетикиро ба истифода супорем. Вале дар баробари ин, мо дар давоми сол ба кор андохтани иқтидорҳои нави саноатиро дар ҳаҷми 350 мегаватт ба нақша гирифтаем.”

Ман ҳамчун энергетик мутмаъинам, ки аз талабот қафо мондани таъминоти барқ раванди муваққатист. Бо дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат кормандони соҳаи энергетика ҳама вақт ҷаҳду талош доранд, ки бо назардошти ин талаботи афзоянда ба пешбурди соҳа ноил гарданд ва ба рушди Тоҷикистони азиз мусоидат намоянд. Тавре маълум аст, неругоҳҳои бузург ва миёна дар муддати чанд сол бунёд меёбанд ва ҳоло дар мамлакат амалӣ гаштани як қатор лоиҳаҳо, аз ҷумла неругоҳҳои барқи обии “Роғун, “Шӯроб”, “Нуробод — 1”, “Нуробод — 2”, “Айнӣ”, “Фондарё”, “Санобод” ва “Себзор” дар назар дошта шудаанд, ки онҳо имконият фароҳам  меоранд таъминот бо барқ аз талабот бо барқ пеш гузарад.

nur5

Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Раиси иҷроияи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Абдулло Абдулло, Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Муҳаммад Навоз Шариф ва Сарвазири Ҷумҳурии Қирғизистон Сооронбай Жеенбеков ба оғози татбиқи Лоиҳаи минтақавии интиқоли неруи барқи CASA-1000 асос гузоштанд.

Дар заминаи сиёсати амиқи энергетикии Пешвои миллат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва амалӣ шудани нақшаҳои муҳими энергетикии кишвар яқин масъалаи норасоии неруи барқ дар солҳои наздик пурра ҳал мегардад ва ташкил ёфтани бозори байналмилии барқ, ки бо оғози бунёди “Лоиҳаи “CASA-100» сӯи он қадами ҷиддӣ гузошта шуд, ба он мусоидат менамояд, ки энергетикаи тоҷик ба тамоми ҷомеаи мо манфиатбахш гардад. Яке аз ҳадафҳои стратегии давлат- расидан ба истиқлолияти энергетикӣ маҳз ба ҳамин вобастагӣ дорад.

Дар баробари дигар соҳаҳои муҳим, энергетикаи тоҷик низ дастгирии Президенти кишвар ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба таври рӯзафзун эҳсос менамояд, ки ин ба пешрафти муназзами соҳа мусоидат менамояд. На танҳо ман мутмаинам, балки ягон мутахассиси соҳа шубҳа надорад, ки   ин сиёсати созанда ва бобарор  моро ба мустақилияти энергетикӣ мерасонад ва норасоии барқ дар солҳои наздиктарин пурра барҳам мехӯрад.

Аслиддин НАЗАРЗОДА,

 муҳандиси барқ, номзади илмҳои иқтисодӣ,

Корманди шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Май 18, 2016 09:55

Хабарҳои дигари ин бахш

Пиряхҳои Тоҷикистон объекти муҳити зист ва манбаъҳои стратегии захираҳои об мебошанд
Чанд андеша дар ҳошияи сафари расмии Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Аврупо
СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Қонун меҳвари фаъолият, зиндагӣ ва мавҷудияти минбаъдаи сокинони мамлакат бошад
АФЗАЛИЯТ ВА БАРТАРИЯТИ ХИЗМАТИ АСКАРӢ. Ҷавонон баробари ворид шудан ба хизмат таҳти ҳимояти Артиши миллӣ қарор мегиранд
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Истифодаи барги тару тозаи қоқу кори узвҳои ҳозимаро тақвият мебахшад
ИФРОТГАРОӢ-ЗУҲУРОТИ НОМАТЛУБ. Бояд ба тарбияи дурусти ҷавонон таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуд
ДУШАНБЕ — ҶАВҲАРИ ҶИЛОНОК ДАР БАЙНИ КӮҲҲОИ САРБАФАЛАККАШИДАИ ТОҶИКИСТОН. Эҳдо ба Рӯзи пойтахт
ИМРӮЗ- РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ АДЛИЯ. Онҳо дар сафи пеши ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои асосии инсон, ҳимояи қонуният ва адолат қарор доранд
ШАРИКИИ СТРАТЕГӢ ТАҚВИЯТ МЕЁБАД. Яке аз самтҳои муҳиму афзалиятноки сиёсати хориҷии Тоҷикистонро ҳамсоягии нек бо давлатҳои минтақа ташкил медиҳад
ДУШАНБЕ – ҚАЛБИ ТОҶИКИСТОН! Андешаҳои муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Мавсума Муинӣ бахшида ба Рӯзи пойтахт
Маърифати ҳуқуқӣ ва экологӣ — омили ободкориву созандагӣ. Эҳдо ба Рӯзи пойтахти Тоҷикистон
ТАШАККУЛИ МАКТАБИ ЗЕҲНГАРОЁНАИ ИДОРАКУНӢ ДАР СИЁСАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН. Мулоҳизаҳои докторони илми фалсафа Хайриддин Усмонзода ва Саидмурод Фаттоҳзода