Пирӯзии «Истиқлол» бар «Равшан» ва «Хайр» бар «Парвоз» дар Лигаи олии футболи Тоҷикистон
Душанбе, 03.05.2016 /АМИТ «Ховар»/. Ду бозии боқимондаи даври чоруми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол байни дастаҳои лигаи олӣ рӯзи 1 май ба поён расид. Дастаи футболи «Истиқлол»-и Душанбе дар Варзишгоҳи марказии пойтахт бар «Равшан»-и Кӯлоб бо ҳисоби калони 7:1 пирӯз шуд. Дар бозии дигар дастаи «Хайр»-и Ваҳдат дар меҳмонӣ бар «Парвоз»-и Бобоҷон Ғафуров бо ҳисоби 3:2 ғалаба кард.
Ёдовар мешавем, ки се бозии даври чоруми Чемпионати Лигаи олии футболи Тоҷикистон 30 апрел барпо гардид. Дар ҳарсе бозӣ мизбонон пирӯз шуданд. Дастаи футболи ССКА «Помир»-и Душанбе бар «Ҳосилот»-и Фархор бо ҳисоби 1:0, «Вахш»-и Қурғонтеппа бар «Барқчӣ»-и Душанбе бо ҳисоби 2:0 ва «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода бар «Хуҷанд»-и Хуҷанд бо ҳисоби 3:0 ғолиб омаданд.
Ҳамин тариқ, «Истиқлол», ки дар ҳамаи чор бозӣ пирӯзӣ ба даст овард, бо 12 имтиёз дар ҷадвали мусобиқа пешсафи ягона шуд. Бо вуҷуди бохт «Хуҷанд бо 9 имтиёз мевқеашро дар зинаи дуюм нигоҳ дошт. «Хайр бо 8 имтиёз ба зинаи сеюм баромад.
Хотирасон менамоем, ки бозиҳои даври панҷуми мусобиқа рӯзҳои 5, 7 ва 8 май баргузор мешаванд. Рӯзи панҷшанбе «Хуҷанд» дар майдони худ бо «Истиқлол» бозӣ мекунад. Рӯзи шанбеи 7 май «Хайр» бо дастаи меҳмон — «Регар-ТадАЗ», «Ҳосилот» дар меҳмонӣ бо «Парвоз» рақобат хоҳанд кард. Рӯзи якшанбеи 8 май «Барқчӣ» бо ССКА «Помир» ва «Равшан» дар Кӯлоб бо «Вахш» вориди рақобат мешаванд.








Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад






