Раванди ҷаҳонишавии технологияҳои иттилоотӣ дар фаъолияти китобхонаҳои ҷумҳурӣ
Душанбе,03.05.2016 /АМИТ «Ховар»/. Китобхонаи давлатии патентию техникии Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот»-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон 5 ва 6 майи соли равон дар Муассиса дар мавзӯи «Раванди ҷаҳонишавии технологияҳои иттилоотӣ дар фаъолияти китобхонаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо иштироки роҳбарон ва мутахассисони китобхонаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Конфронси илмию амалии ҷумҳуриявӣ баргузор менамояд.
Мақсади асосии Конфронси мазкур муайяну мушаххас намудани муаммоҳои ҷойдошта дар раванди ҷаҳонишавии технологияҳои иттилоотӣ дар фаъолияти китобхонаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, масоили дурнамои рушди китобхонаҳо дар самти ҷамъоварӣ, коркарди илмӣ, гурӯҳбандӣ, мавриди омӯзишу тарғиб қарор додани манобеи электронӣ, ташкили маъхазҳои электронӣ бо истифода аз фондҳои чопӣ, марказҳои иттилоотӣ, таъмини дастёбии хонандагон ба сарчашмаҳои пурраматни интернетӣ ва таъмини талабу дархости ҷомеа ба адабиёти мавриди ниёзи хониш мебошад.
Дар назар аст, ки дар гузоришҳои кормандони китобхонаҳои миллӣ ҷумҳуриявӣ, вилоятӣ, шаҳрӣ, ноҳиявӣ ва донишгоҳӣ роҷеъ ба масоили вазъи кунунии хизматрасонӣ бо назардошти воридшавии технологияи нави иттилоотӣ дар фаъолияти китобхонаҳо таваҷҷуҳи хосса зоҳир карда шуда, андешаҳои ҷолиб перомуни мувофиқу мутобиқ намудани самтҳои афзалиятноки фаъолияти китобхонаҳо ба тақозои даврони истиқлол ва вижагиҳои ҷомеаи иттилоотӣ мавриди баррасӣ қарор хоҳад гирифт.
Ин чорумин Конфронси соҳаи китобдорӣ аст, ки аз ҷониби Китобхонаи давлатии патентию техникӣ гузаронида мешавад.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
Ҳамёни рақамӣ дар «МегаФон Life» боз ҳам мувофиқтар шуд






