Равобити гурӯҳҳои дӯстӣ қавитар мегарданд
Душанбе, 24.05.2016. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз раиси кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ Ҳилолбӣ Қурбонзода бо Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Озарбойҷон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Аббосалӣ Карим- оғлу Гасанов мулоқот намуд.
Дар ҷараёни мулоқот масъалаи тақвияти ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Озарбойҷон дар ҳамаи заминаҳо, аз ҷумла муносиботи байнипарлумонӣ, ҳамкории сиёсӣ, иқтисодӣ, энергетикӣ, кишоварзӣ, фарҳангӣ ва дигар мавзӯоти мавриди таваҷҷуҳи тарафҳо муҳокима шуданд.
Ҳилолбӣ Қурбонзода иброз намуд, ки бо таъйин шудан ба симмати Сафири фавқулода ва мухтори Озарбойҷон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Аббосалӣ Карим-оғлу Гасанов раванди муносиботи Душанбе ва Боку ба марҳилаи тоза ворид гардида, тамоюли рӯ ба рушдро касб намуд.
Раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон таъкид кард, ки миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Озарбойҷон фазои мусоиди қонуниву ҳуқуқӣ ва сармоягузорӣ ҷиҳати таҳкими ҳамкориҳо дар тамоми соҳаҳо вуҷуд дорад ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон талош мекунад, ки фазои аз ин ҳам беҳтари қонуниву ҳуқуқиро барои густариши муносиботи дуҷониба фароҳам биёрад.
Раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон ба ҳамкории байнипарлумонии Тоҷикистону Озарбойҷон таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, ҳамзамон таъкид кард, ки фаъолият доштани гурӯҳҳои дӯстӣ ва ҳамкорӣ дар парлумонҳои ду кишвар заминаи хуберо барои таҳкими ин муносибот ба вуҷуд меорад. Боздиди ҳайатҳои парлумонии ду кишвар аз мамлакатҳои ҳамдигар низ барои истифода аз таҷрибаи якдигар дар самти таҳия ва қабули қонун ва дигар санадҳои аҳамияти минтақавӣ ва байналмилалидошта кумак хоҳад кард. То имрӯз байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Озарбойҷон санадҳои зиёди ҳамкорӣ дар бахшҳои мухталиф ба имзо расидаанд ва имзои ин санадҳо фазои ҳамкории гуногунсоҳаро байни ҷумҳуриҳои мо боз ҳам беҳтар хоҳанд кард.
Сафрири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Озарбойҷон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Аббосалӣ Карим-оғлу Гасанов изҳор дошт, ки ӯ ба мардум ва миллати тоҷик назари нек дорад ва ба ҳайси сафири кишвараш дар Душанбе аз тамоми имконот ва маҳорату дониши худ барои таҳкими ҳамкории мамлакаташ бо Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода хоҳад кард.
Дар анҷоми мулоқот ҳарду ҷониб изҳори умедворӣ намуданд, ки муносиботи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Озарбойҷон дар ҳамаи соҳаҳо густариш ёфта, маҷрои нав касб мекунад.








Дар шаҳри Душанбе Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил гардид
Тарофаҳои нав барои Суғд: интернети бештар бо нархи дастрас!
Дар шаҳри Норак Фестивали «Анор» доир гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 16 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Бӯстон Маркази омӯзишии «Русия бо Шумо» ифтитоҳ ёфт
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
ОЯНДАИ ФУТБОЛ АЗ ҲОЛО ОҒОЗ МЕЁБАД. Дар Тоҷикистон мусобиқаи васеъмиқёси кӯдакона анҷом ёфт
ZET-MOBILE иқдоми нав оғоз намуд: тарофаҳои «SUPER Қувва» бо тахфифи 50%
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 12 дараҷа гарм мешавад






