“Реал” ва “Атлетико” дар финали лигаи чемпионҳои Аврупо

Май 5, 2016 10:36

Душанбе, 5.05.2016 /АМИТ «Ховар»/. Ду клуби машҳури футболи Испания “Реал” ва “Атлетико”  ба бозии ниҳоии Ҷоми чемпионҳои Аврупо роҳхат гирифтанд.

“Атлетико” дар сари роҳи худ клуби машҳури Олмон -“Бавария”-ро аз бозии ниҳоии Ҷоми чемпионҳои Аврупо маҳрум кард. Агар солҳои пешин “Реал” ва “Барселона” ин дастаро ба чунин ҳолат гирифтор карда бошанд, пас ин навбат дар бозии ҷавобии нимниҳоии Ҷоми чемпионҳои Аврупо  “Атлетико”-и Мадрид  дар варзишгоҳи “Алянс Арена”-и Олмон аз нав “Бавария”-ро моту мабҳут карда, аз натоиҷи ду бозӣ(1:0, 1:2) ба вохӯрии ниҳоӣ роҳхат гирифт.

Дар бозии ҷуфти дуввуми нимниҳоӣ- “Реал”-Мадрид  ва “Манчестер Сити” дар варзишгоҳи “Сантяго Бернабеу” бо ҳам вохӯрданд. Бозии аввали ин дастаҳо дар Англия бо ҳисоби  0:0 ҷамъбаст шуда буд.  Ин дафъа автоголи ягонаи Фернандо тақдири бозиро ба нафъи “Реал” ҳал кард.

Акнун 28 май дар варзишгоҳи “Ҷузеппе Меатса”-и Милан “Реал” ва “Атлетико”- намояндаи як кишвару як шаҳр дар бозии ниҳоӣ бо ҳам вомехӯранд.

 

 

 

 

 

 

 

 

Май 5, 2016 10:36

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд
Дастаи миллии Тоҷикистон оид ба футзал бо дастаи мунтахаби Узбекистон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Мусобиқаи кушод оид ба гӯштини тарзи озод байни наврасон оғоз гардид
Наврасони Тоҷикистон баъди ғалаба дар дивизиони «D» дар Боку ба Ватан баргаштанд
Президенти Кумитаи паралимпии Осиё ба натиҷаи иштироки дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои паралимпии Осиё баҳои баланд дод
Дар деҳаи Варзоб — Қалъаи ноҳияи Варзоб майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бозии дуюми дӯстонаро бо Қатар мусовӣ анҷом дод