«Регар ТадАЗ» ва «Ҳосилот» дар бозии марказии даври 6 бо ҳам рақобат мекунанд

Май 14, 2016 10:33

Душанбе, 14.05.2016 /АМИТ «Ховар»/.Дар чаҳорчӯби бозиҳои даври 6 Чемпионати мамлакат дар Лигаи олӣ бозии байни дастаҳои «Регар ТадАЗ» ва «Ҳосилот»-и Фархор, ки дар зинаҳои дуюм ва сеюм қарор доранд, бозии марказӣ ба ҳисоб меравад. Ин вохӯриро гурӯҳи доварон таҳти роҳбарии Хуршед Дадабоев аз шаҳри Хуҷанд ҳакамӣ мекунанд. Тибқи қарори ФФТ минбаъд бозиҳо дар соати 17 оғоз мешаванд.
Ба ҳамин тартиб, имрӯз «Парвоз» бо «Барқчӣ», КМВА «Помир» бо «Равшан», 15 май «Регар ТадАЗ» бо «Ҳосилот», «Истиқлол» бо «Вахш» ва «Хуҷанд» бо «Хайр» вориди майдон мешаванд.
Ёдрас мешавем, ки «Истиқлол» баъди 5 давр бо касби 15 имтиёз дар зинаи аввал ҷойгир шудааст. «Равшан» то ба ҳанӯз ягон хол ба даст наоварда, дар мавқеи охирин қарор гирифтааст.

Май 14, 2016 10:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба камонварӣ ҷамъбаст гардид
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон ба садгонаи беҳтаринҳои раддабандии ФИФА ворид шуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бо дастаи яккачини Русия бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
Маросими гусели ҳайати дастаи мунтахаби паралимпии мамлакат ба Бозиҳои V Параосиёӣ баргузор гардид
Иштирокдорони Бозиҳои 20-уми Осиёӣ—2026-ро дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе истиқбол гирифтанд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар бозии дӯстона бар тими миллии Чин пирӯз шуд
Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол бо дастаи мунтахаби Чин бозии дӯстона анҷом медиҳад
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Дастаи мунтахаби духтаронаи Тоҷикистон (U-17) бо тими Урдун мусовӣ бозӣ кард
Дар Сафорати Тоҷикистон дар Салтанати Умон бо дастаи мунтахаби олимпии футболи Тоҷикистон вохӯрӣ доир шуд
Дар Ҷамоати деҳоти Роҳатии ноҳияи Рӯдакӣ иншооти нави таълимию варзишӣ ба истифода дода шуданд
Дар вилояти Хатлон беш аз 40 мактаби варзишӣ фаъолият дорад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Русия бозии дӯстона анҷом медиҳад