«Рушди ҳамкорӣ 2016» бо туҳфаҳои арзишнок оғоз шуд!

Май 31, 2016 11:45

Душанбе, 31.05.2016 /АМИТ «Ховар»/. «Бонки Эсхата бахшида ба 25 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  оғози иқдоми  «Рушди ҳамкорӣ -2016»-ро эълон медорад. Мизоҷони интиқоли пулӣ, ки аз низомҳои байналхалқӣ истифода мебаранд ва дар ин иқдом ширкат меварзанд, метавонанд имконияти хуб ба даст оварда, соҳиби яке аз се мошини тамғаи «Мерседес Бенс Е класс» ва мукофотҳои пулӣ аз 5000 то 10000 сомонӣ гарданд.
Иштирок дар иқдом ройгон буда, он се минтақаро фаро мегирад: ш. Душанбе ва ноҳияҳои тобъи марказ, вилояти Суғд ва вилояти Хатлон.
«Рушди ҳамкорӣ  2016» аз  1 июни соли равон то 30 сентябр идома ёфта, дар охири ҳар моҳ натиҷабардорӣ карда мешавад. Туҳфаҳои асосӣ, яъне мошинҳои «Мерседес» моҳи октябр бурд шуда, соҳибони толеъбаланди худро дарёфт хоҳанд кард.
Инчунин барои иштирокдорони фаъоли иқдом низ туҳфаҳои пулӣ пешбинӣ карда шудаанд.
Ёдовар мешавем, ки соли сеюм аст «Бонки Эсхата» барои мизоҷонаш имконияти бурди туҳфаҳои арзишнок ва пулиро пешкаш медорад.
То ба имрӯз 6 нафар мизоҷони толеъбаланди «Бонки Эсхата» соҳиби мошинҳо ва 70 нафар соҳиби дигар туҳфаҳои арзишнок гаштаанд.

Май 31, 2016 11:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад