Саҳми «Пешоҳанг» дар пешгирии шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои экстремистиву террористӣ назаррас аст
Душанбе, 22 май /АМИТ «Ховар»/. Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ баргузор гардид.
Роҳбарияти Вазорати корҳои дохилии ҶТ зикр карданд, ки баҳри пешбурди корҳои идеологӣ-тарбиявӣ дар миёни ҷавонон, амалӣ намудани сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар раванди тартиботи ҷамъиятӣ ва амнияти мардум бо хоҳиши ҷавонони мамлакат, махсусан донишҷӯён, барои сафарбарии онҳо дар мубориза бар зидди ҷинояткорӣ, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои экстремистиву террористӣ соли 2014 гурӯҳи «Пешоҳанг» ташкил гардид.
Дар ин муддат зиёда аз 20 семинару конфронс ва суҳбатҳо дар қаламрави ҷумҳурӣ, аз ҷумла дар шаҳри Душанбе, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, шаҳрҳои Кӯлоб, Хуҷанд, Курғонтеппа, минтақаи Рашт бо иштироки бевоситаи ин ҷавонон баргузор гардиданд.
Ба ғайр аз ин, аз тарафи ҷавонони гурӯҳи «Пешоҳанг» дар якҷоягӣ бо намояндагони Вазорати корҳои дохилӣ, Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ дар давоми фаъолияти худ зиёда аз 70 вохӯрӣ бо ҷавонон ва донишҷӯёну мактаббачагони мактабҳои таҳсилоти ҳамагонӣ баргузор гардид. Инчунин дар тамоми минтақаҳои ҷумҳурӣ мубодилаи афкори ҷавонон ва рафту омади онҳо ба меҳмонӣ ба хонаводаи якдигар дӯстии онҳоро қавитар гардонид.
Дар доираи сафар ба Федератсияи Русия аъзои гурӯҳи «Пешоҳанг» бо ҷавонони тоҷики муқими ин кишвар ва намояндагони созмонҳову ҷамъиятҳои тоҷик, ки дар қаламрави Русия кору таҳсил менамоянд, дар шаҳру вилоятҳои Русия, аз қабили Маскав, Твер, Сочи ва Краснодар оид ба дастовардҳои Тоҷикистон дар даврони соҳибистиқлолӣ, пешгирии гаравиши ҷавонон ба гурӯҳҳои гуногуни ифротӣ ва тарғиби фарҳанги миллӣ, эҳтиром ва арҷ гузоштан ба муқаддасоти миллӣ ва дигар мавзӯъҳои мавриди назар маърӯза ва суханронӣ намуданд. Дар натиҷаи ҳамаи корҳои дастаҷаъми таъсири ҷавонон ба ҷомеа барои пешгирии содиршавии ҳар гуна ҷинояткорӣ, шомилшавии онҳо ба гурӯҳҳои террористӣ — экстремистӣ хуб ба роҳ монда шуд.








Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад






