Саҳми «Пешоҳанг» дар пешгирии шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои экстремистиву террористӣ назаррас аст

Май 22, 2016 14:16

Душанбе, 22 май /АМИТ «Ховар»/. Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ баргузор гардид.

Роҳбарияти Вазорати корҳои дохилии ҶТ зикр карданд, ки баҳри пешбурди корҳои идеологӣ-тарбиявӣ дар миёни ҷавонон, амалӣ намудани сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар раванди тартиботи ҷамъиятӣ ва амнияти мардум бо хоҳиши ҷавонони мамлакат, махсусан донишҷӯён, барои сафарбарии онҳо дар мубориза бар зидди ҷинояткорӣ, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои экстремистиву террористӣ соли 2014 гурӯҳи «Пешоҳанг» ташкил гардид.

Дар ин муддат зиёда аз 20 семинару конфронс  ва суҳбатҳо дар қаламрави ҷумҳурӣ, аз ҷумла дар шаҳри Душанбе, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, шаҳрҳои Кӯлоб, Хуҷанд, Курғонтеппа, минтақаи Рашт бо иштироки бевоситаи ин ҷавонон баргузор гардиданд.

Ба ғайр аз ин, аз тарафи ҷавонони гурӯҳи «Пешоҳанг» дар якҷоягӣ бо намояндагони Вазорати корҳои дохилӣ, Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ дар давоми фаъолияти худ зиёда аз 70 вохӯрӣ бо ҷавонон ва донишҷӯёну мактаббачагони мактабҳои таҳсилоти ҳамагонӣ баргузор гардид. Инчунин дар тамоми минтақаҳои ҷумҳурӣ мубодилаи афкори ҷавонон ва рафту омади онҳо ба меҳмонӣ ба хонаводаи якдигар дӯстии онҳоро қавитар гардонид.

Дар доираи сафар ба Федератсияи Русия аъзои гурӯҳи «Пешоҳанг» бо ҷавонони тоҷики муқими ин кишвар ва намояндагони созмонҳову ҷамъиятҳои тоҷик, ки дар қаламрави Русия кору таҳсил менамоянд, дар шаҳру вилоятҳои  Русия, аз қабили  Маскав, Твер, Сочи ва Краснодар оид ба дастовардҳои Тоҷикистон дар даврони соҳибистиқлолӣ, пешгирии гаравиши ҷавонон ба гурӯҳҳои гуногуни ифротӣ ва тарғиби фарҳанги миллӣ,  эҳтиром  ва  арҷ гузоштан ба муқаддасоти миллӣ ва дигар мавзӯъҳои мавриди назар маърӯза ва суханронӣ намуданд. Дар натиҷаи ҳамаи корҳои дастаҷаъми таъсири ҷавонон ба ҷомеа барои пешгирии содиршавии ҳар гуна ҷинояткорӣ, шомилшавии онҳо ба гурӯҳҳои террористӣ — экстремистӣ хуб ба роҳ монда шуд.

 

 

Май 22, 2016 14:16

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Душанбе ҷашни Меҳргон таҷлил мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии меваи анор оғоз гардидааст
Дар Академияи идоракунии давлатӣ даври шаҳрии озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш дар назар аст
Тоҷикистон ва Кувайт ҳамкориро дар арсаҳои фанновариҳои иттилоотӣ ва фарҳанг баррасӣ намуданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Маҷлиси намояндагон ду созишномаи ҳамкории Тоҷикистонро бо Фонди авруосиёии субот ва рушд тасдиқ намуд
Дар Душанбе доир ба Шабакаи иқлимии TajCN ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 16 дараҷа гарм мешавад
Тоҷикистон ва Корея ҳамкориро дар самти рақамикунонии китобдорӣ густариш медиҳанд
Мутахассисони алоқа ба мавсими сармо омодагӣ мебинанд