Сафири Русия дар Тоҷикистон кӯшишҳои АНМН-ро мусбат арзёбӣ намуд
Душанбе, 30.05.16. /АМИТ «Ховар»/. 30 май дар Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ вохӯрии Директори агентӣ Шерхон Салимзода бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Федератсияи Русия дар Тоҷикистон И. Лякин-Фролов баргузор гардид.
Тавре ки ба АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти Агентии зиддимухаддиротӣ хабар доданд, дар вохӯрӣ масъалаҳои вобаста ба идомаи иҷрои «Созишнома байни АНМН ва ХФНМН Русия оид ба расонидани кумак ба агентӣ дар соҳаи назорати воситаҳои нашъаовар, маводи психотропӣ ва прекурсорҳо» мавриди муҳокима қарор гирифт.
Директори агентӣ ба сафир барои дастгирии доимӣ сипосгузорӣ намуда, ба ҳамкории дуҷониба дар соҳаи назорати маводи нашъаовар ва гузаронидани чорабиниҳои зиддимухаддиротӣ баҳои баланд дод.
И. Лякин-Фролов дар ҷавоб самтҳои афзалиятноки ҳамкориро байни Сафорати Федератсияи Русия дар Тоҷикистон ва Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ишора карда, кӯшишҳои агентиро дар самти мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар мусбат арзёбӣ намуд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
Ҳамёни рақамӣ дар «МегаФон Life» боз ҳам мувофиқтар шуд






