Сафири Русия дар Тоҷикистон кӯшишҳои АНМН-ро мусбат арзёбӣ намуд

Май 30, 2016 16:08

Душанбе, 30.05.16. /АМИТ «Ховар»/. 30 май дар Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ вохӯрии Директори агентӣ Шерхон Салимзода бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Федератсияи Русия дар Тоҷикистон  И. Лякин-Фролов  баргузор гардид.
Тавре ки ба АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти Агентии зиддимухаддиротӣ хабар доданд, дар вохӯрӣ масъалаҳои вобаста ба идомаи иҷрои «Созишнома байни АНМН ва ХФНМН Русия оид ба расонидани кумак ба агентӣ дар соҳаи назорати воситаҳои нашъаовар, маводи психотропӣ ва прекурсорҳо» мавриди муҳокима қарор гирифт.
Директори агентӣ ба сафир барои дастгирии доимӣ сипосгузорӣ намуда, ба ҳамкории дуҷониба дар соҳаи назорати маводи нашъаовар ва гузаронидани чорабиниҳои зиддимухаддиротӣ баҳои баланд дод.
И. Лякин-Фролов дар ҷавоб самтҳои афзалиятноки ҳамкориро байни Сафорати Федератсияи Русия дар Тоҷикистон ва Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ишора карда, кӯшишҳои агентиро дар самти мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар мусбат арзёбӣ намуд.

Май 30, 2016 16:08

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст