Сафорати Тоҷикистон дар Арабистони Саудӣ сомонаи худро боз намуд
Душанбе, 3.05.2016. /АМИТ Ховар/. Имрӯз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Шоҳигарии Арабистони Саудӣ сомонаи худро бо суроғаи «www.tajemb-ksa.org» дар шабакаи ҷаҳонии интернет фаъол намуд.
Сомонаи Сафорати Тоҷикистон дар Шоҳигарии Арабистони Саудӣ аз бахшҳои гуногун иборат буда, бо забонҳои тоҷикӣ ва арабӣ маводи иттилоотию таҳлилӣ ва тарғиботӣ доир ба робитаҳои дӯстӣ ва ҳамкории судманди гуногунҷанбаи ду кишвар, табиати биҳиштосои Тоҷикистон, сарватҳои бебаҳои табиӣ, фазои сармоягузорию сайёҳии кишвар ва таъриху фарҳанги пурғановати тоҷикон паҳн хоҳад кард. Сомона саршор аз маводи хабарию таҳлилӣ, видеоӣ ва аксу мусаввараҳо буда, тамоми сарватҳо ва зебоиҳои табиию фарҳангии Тоҷикистонро ба мардуми Шоҳигарии Арабистони Саудӣ ва дигар кишварҳои арабзабон пешкаш менамояд.
Роҳбарият ва кормандони Сафорати Тоҷикистон дар Шоҳигарии Арабистони Саудӣ умедворанд, ки бо фаъол намудани сомонаи худ дар шабакаи ҷаҳонии интернет метавонанд дар рушди муносибатҳои Тоҷикистон бо ин ва дигар кишварҳои ҷаҳони араб саҳми бештар дошта бошанд.
Хонандагони сомона ҳамчунин метавонанд доир ба таърихи муносибатҳои Тоҷикистону Шоҳигарии Арабистони Саудӣ, фаъолияти сафорати мо дар ин кишвар, кормандони сафорат, масоили консулӣ ва дигар масъалаҳои зарурӣ маълумоти кофӣ пайдо намоянд.








Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд
«КОНСТИТУТСИЯ–ПОЙДОРИИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁД». Таҳти чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Роҳҳои баланд бардоштани ҳосилнокии зироатро дар шаҳри Кӯлоб баррасӣ намуданд
Дар мавзуи «Конститутсия ва таъмини ҳуқуқ ба озодии эътиқод» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар ҷаласаи Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон механизмҳои нави ҳимояи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ баррасӣ гардид
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Данғара нақшаи ҷамъоварии пахта 100 фоиз иҷро гардид
Дар ноҳияи Деваштич иншооти гуногуни иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд






