Саммити ҷаҳонӣ оид ба кумаки башарӣ дар шаҳри Истамбул
Анқара, 24 май. /АМИТ Ховар/. Рӯзҳои 23-24 майи соли 2016 дар шаҳри Истамбули Ҷумҳурии Туркия дар таърих бори аввал бо ташаббуси Созмони Милали Муттаҳид Саммити ҷаҳонӣ оид ба кумаки башарӣ баргузор гардид, ки дар он аз 173 кишвари узви СММ зиёда аз 9000 намоянда иштирок намуданд.
Дар саммити мазкур ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим ширкат ва суханронӣ намуд.
Зимни суханронӣ Азим Иброҳим зикр кард, ки қабл аз баргузории Саммити мазкур 8 конфронси минтақавӣ баргузор гардида буд ва яке аз онҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки зиёда аз 200 нафар намояндагон аз 16 кишвари ҷаҳон доир гардид. Бинобар ин, Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз кишварҳои мусоидаткунандаи ин Саммит мебошад.
Ташаббуси нави байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба эълони Даҳсолаи нави байналмилалии Об барои рушди устувор, ки аз ҷониби Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод шудааст, зикр карда шуд.
Зимни суханронӣ муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон диққати ҳозиринро ба осебпазирии ҳудуди Тоҷикистон нисбат ба офатҳои табиӣ ва расонидани кумакҳои молиявӣ ва техникии мушаххас вобаста аз мавқеъҳои мушкил ҷалб намуд.
Дар ин бора ба мухбири АМИТ Ховар аз сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Туркия хабар доданд.











Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад






