Сатҳи таваррум дар моҳҳои январ-апрел муътадил буд
Душанбе, 14.05.2016 /АМИТ «Ховар»/. Аз рӯи ҷамъбасти моҳи апрели соли равон сатҳи таваррум коҳиш ёфта, ба 0,4 дарсад баробар шуд, ки ин нисбат ба моҳи апрели соли гузашта 0,3 банди фоизӣ кам мебошад.
Ба раванди мазкур дар баробари татбиқи сиёсати босамари макроиқтисодии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва пешниҳоди муътадили молу маҳсулоти истеҳсоли дохилӣ, ҷараёни муътадили тағйирёбии маҳсулоти ғайрихӯрокворӣ ва хизматрасониҳо мусоидат намуд.
Тибқи мониторинги Бонки миллӣ моҳи апрели соли равон нархи пиёз, биринҷ, равғани пахта, орди навъи якум, шир, шакар, тухм, мош, бодиринг, ангишт ва хишти пухта арзон шуд.
Ҳамин тариқ, сатҳи таварруми солона дар моҳи апрели соли 2016 5,3 дарсадро ташкил намуда, нисбат ба ҳамин моҳи соли гузашта 0,6 банди фоизӣ паст гардид.








Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе






