Саволҳои маъмулӣ вобаста ба лоиҳаи «CASA-1000»
Душанбе, 13.05.2016 /АМИТ «Ховар»/. Бонки ҷаҳонӣ дар иртибот ба лоиҳаи интиқол ва савдои нерӯи барқ дар Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ (CASA-1000) «Саволҳо ва ҷавобҳо»-ро омода намудааст, ки онро пешниҳод менамоем.
1.Ҳадафи лоиҳаи CASA-1000 аз чӣ иборат аст?
Лоиҳаи CASA-1000 иқдоми нахустинест дар роҳи ташаккули бозори минтақавии савдои нерӯи барқ дар Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ (БМСНБОМҶ) ва барои расидан ба ҳадафи мазкур захираҳои назарраси энергетикии Осиёи Марказӣ ҷиҳати коҳишдиҳии норасоии нерӯи барқ дар минтақаи Осиёи Ҷанубӣ бо назардошти манфиатҳои тарафайн, мавриди истифода қарор хоҳанд гирифт. Дар доираи лоиҳаи CASA-1000 механизмҳои шартномавӣ ва институтсионалӣ барпо гардида ҷиҳати мусоидат ба содироти 1,300 мегаватт (мВт) нерӯи барқи зиёдатии фасли тобистон аз Ҷумҳурии Қирғизистон ва Тоҷикистон ба Афғонистон ва Покистон, инфрасохтори интиқоли нерӯи барқ бунёд карда мешавад.
Лоиҳаи CASA-1000 бо дигар лоиҳаҳои ҷорӣ ё банақшагирифташудаи интиқоли нерӯи барқ дар чаҳор кишвар мувофиқ мебошад. Механизми “Дастрасии озод” ба дигар кишварҳои содиркунанда (Туркманистон, Ӯзбекистон, Қазоқистон ё Федератсияи Россия) имконияти истифодабарии иқтидори дастраси интиқоли нерӯи барқ, масалан, дар фасли зимистон, фароҳам меоварад .
Тавассути дастгирии савдои минтақавии нерӯи барқ ва фароҳам овардани замина барои сармоягузориҳо дар инфрасохтори савдо/транзитӣ дар минтақа, лоиҳаи CASA-1000 ба паст кардани сатҳи камбизоатӣ дар қисматҳои нодортарини дунё ва вусъатдиҳии амнияти энергетикӣ ва суботи минтақавӣ мусоидат мекунад .
Бахусус, лоиҳаи CASA — 1000:
- Ҳамчун иқдоми муҳими аввалин дар самти истифодаи имконияти савдои нерӯи барқ байни кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Осиёи Ҷанубӣ, коҳишдиҳии хароҷоти асосӣ (зеро барои савдои нерӯи барқ бунёди нерӯгоҳҳои нав лозим намеояд) ба кам намудани хавфҳои молиявии лоиҳа ва ташаккули эътимод ба
CASAREM кӯмак мерасонад;
- Барои табдил додани Афғонистон ба кишвари боэътимоди интиқоли барқ тавассути вусъат бахшидан ба афзоиши иқтисодии кишвар ва дурнамои субот мусоидат мекунад;
- Сарчашмаи доимии даромадро барои Тоҷикистон, Ҷумҳурии Қирғизистон таъмин менамояд, ки онро метавон барои аз байн бурдани норасоии шадидии нерӯи барқ дар фасли зимистон истифода бурд;
- Ба коҳишдиҳии норасоии барқ дар Покистон ва Афғонистон дар фасли тобистон, ки талабот хеле зиёд аст, ва ба кам кардани вобастагии кишварҳо аз тавлиди нерӯи барқи гаронарзиш ва ифлоскунандаи муҳити атроф, мусоидат мекунад;
- Бо мақсади мусоидат ба интиқоли нерӯи барқ аз дигар кишварҳои минтақа ва тавсеаи имкониятҳои савдои нерӯи барқ дар дигар фаслҳои сол бо схемаи “дастрасии озод” таъмин мекунад.
- Барои ҳамоҳангсозии фаъолияти кишварҳо кадом механизмҳо мавҷуданд?
Шӯрои байниҳукуматии сатҳи вазорат (ШБҲ) раванди таҳия, омодакунӣ, музокирот ва амалисозии лоиҳаро назорат мекунад.
Котиботи ШБҲ ҳамоҳангсозии корҳои алоқаманд бо омодакунии лоиҳа идора намуда вазифаҳои барои чаҳор кишвар умумиро иҷро мекунад.
Дар ҳар як кишвар гурӯҳи махсус бо сардории муовини вазир/котибот таъсис дода шудааст. Дар якҷоягӣ, ин Гурӯҳи кории муштарак (ГКМ) чораҳои минбаъда ва масъалаҳои ҳалталабро баррасӣ ва муҳокима мекунад.
ГКМ ҳар моҳ видеоконфронс баргузор намуда ҳар семоҳа ё дар ҳолати зарурӣ бештар вохӯриҳои инфиродиро ташкил менамояд. ГКМ бо ҷалби машваратчиёни алоҳида (хориҷӣ ва маҳаллӣ) дар ҳар як кишвар дигар гуруҳҳоро дастгирӣ мекунад .
- Дар доираи лоиҳа кадом ҷузъиёти инфрасохтор бунёд мегарданд?
Дар тарҳи ибтидоии лоиҳа сохтмони иншооти зерин пешбинӣ шуда буд:
- Хати 500 кВ ҷараёни тағйирёбанда аз зеристгоҳи Датка то зеристгоҳи Сангтӯда (477 км) ҷиҳати интиқоли нерӯи барқи зиёдатӣ аз Ҷумҳурии Қирғизистонистон ба Тоҷикистон ва тавассути шабакаи дохилии Тоҷикистон интиқоли он нерӯи барқ ба Сангтӯда;
- Хати 500 кВ ҷараёни тағйирёбанда (120 км) дар ҳудуди Тоҷикистон байни зеринстгоҳҳои Регар ва Сангтӯда;
- Се истгоҳи конвертерӣ (тағийрдиҳии нерӯи барқ):
(i) як истгоҳи тағйирдиҳии ҶТ-ҶД (1,300 мВт) дар Сангтӯда (Тоҷикистон);
(ii) як истгоҳи тағйирдиҳии ҶД -ҶТ(300 мВт) дар Кобул (Афғонистон) ;
(iii) як истгоҳи тағйирдиҳии ҶД – ҶТ (1,300 мВт) дар Пешовар (Покистон);
- Хати Ҷараёни доимии баландшиддат ( ҶДБШ) бо дарозии умумии тақрибан 117 км дар ҳудуди Тоҷикистон, 562 км дар ҳудуди Афғонистон ва 71 км дар ҳудуди Покистон.
Дар вохӯриҳои Гурӯҳи кории муштарак (ГКМ) ва Шӯрои байниҳукуматии (ШБҲ) лоиҳаи CASA-1000, ки дар шаҳри Алмато моҳи апрели соли 2016 баргузор гардиданд, натиҷаҳои арзёбии пешниҳодҳои барои се истгоҳи тағйирдиҳӣ пешниҳодшуда муфассал баррасӣ гардид.
Азбаски нархи пешниҳоди ягона хеле баланд буд ва имкониятҳои техникии иштирокчии музояда барои ҳамаи кишварҳои аъзо низ нигароникунанда буд, ГКМ/ШБҲ масъалаи тағйирдиҳии конфигуратсияи ибтидоии сеистгоҳаи лоиҳаро дида баромад. Дар натиҷа, тасмим гирифта шуд ки барои сохтмони ду истгоҳи тағйирдиҳӣ музоядаи нав дар давоми ду моҳи оянда эълон гардад.
Конфигуратсияи тағйирдодашуда аз ду истгоҳи тағийрдиҳӣ дар Тоҷикистон ва Покистон бо хати алоҳидаи ҶДБШ пайвастшавии муқобилсамт ва паралел дар Афғонистон дар хати мавҷудбудаи ҷараёни тағйирёбандаи 220 кВ байни Тоҷикистон ва Афғонистон, иборат аст. Макони истгоҳҳои ҶДБШ дар Тоҷикистон дар Сангтуди боқӣ мемонад, дар ҳоле ки дар Покистон он аз Пешовар ба Новшера, ҷои дорои амнияти бештар, кӯчонида мешавад.
Макони ниҳоии истгоҳ дар Афғонистон айни замон аниқ шуда истодааст.
Тарҳи тағйирдодашуда ба Афғонистон имконияти ҷалби ҳаҷми бештари нерӯи барқ аз хати мавҷудаи 220 кВ дар баробари дигар манфиатҳо, фароҳам меоварад.
Ғайр аз ин, он ба пешрафти лоиҳа мусоидат намуда таъхирҳои имконпазирро ки бо мураккабии тарҳи се истгоҳ алоқаманданд, бартараф месозад.
Тамоми кишварҳо ва ниҳодҳои молиявӣ омодагии худро дар амалисозии лоиҳа аз нав таъкид намуданд.
4.Арзиши тахминии лоиҳа чанд аст?
Арзиши тахминии лоиҳа, бо назардошти хароҷоти пешбининашуда, андоз ва фоиз дар давоми сохтмон 1.17 млрд. доллари ИМА- ро ташкил медиҳад.
Ба он хароҷоти алоқаманд бо дастгирии техникӣ ҷиҳати мусоидат ба амалисозии лоиҳа ва барномаҳои дастгирии ҷомеаҳои маҳаллии воқеъ дар масири хати интиқоли нерӯи барқ тавре дар поён оварда шудааст, дохил мешавад:
Арзиши умумии лоиҳа $1,170 млн.
Инфрасохтори интиқоли нерӯи барқ $801 миллион
Дастгирии амалисозии лоиҳа $30 миллион
Барномаи дастгирии ҷомеаҳои маҳаллӣ $70 миллион
Хароҷоти алоқаманд бо масоили экологӣ ва иҷтимоӣ $20 million
Хароҷоти пешбининашуда $145 million
Андозҳо ва IDC $104 million.
5.Чӣ тавр даромади тавассути лоиҳа бадастомада идора карда мешавад?
Тибқи тарҳи лоиҳа, интизор меравад, ки пеш аз ба истифода супоридани иншооти бунёдшуда кишварҳо бонки мудирро (бонки хизматрасон) ҷиҳати идоракунии даромад дар якҷоягӣ интихоб мекунанд . Бонки хизматрасон дар кишваре, ки дар лоиҳа иштирок намекунад ҷойгир хоҳад буд, ки он ҳар як сол аз тафтиш (аудит) мегузарад. Барои ҳар ду кишвари содиркунанда бо мақсади таъмин намудани баҳисобгирии муҳосибавии шаффоф ва истифодаи маблағ аз содироти нерӯи барқ барномаи идоракунии даромад бо ниҳодҳои байналмилалии молиявӣ (НБМ) ба мувофиқа расонида мешавад.
Даромад аз содирот пеш аз ҳама барои фаъолияти муназзами лоиҳаи CASA -1000 истифода хоҳад шуд, аз он ҷумла барои саривақт пардохт намудани ҳаққи тавлидкунандагони нерӯи барқ, пардохтҳои хизматрасонии қарз, инчунин барои мусоидат дар амалисозии барномаҳои истифодаи самараноки нерӯи барқ ва дигар чораҳои алоқаманд бо норасоии барқ дар фасли зимистон дар Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистонистон.
- Лоиҳаро кӣ маблағгузорӣ мекунад?
Лоиҳаро ҳафт муассиса маблағгузорӣ мекунанд:
Бонки ҷаҳонӣ (тавассути Ассотсиатсияи байналмилалии рушд (АБР);
Бонки аврупоии сармоягузорӣ (БАС);
Фонди мақсадноки барқарорсозии Афғонистон (ФМБА); Бонки исломии рушд (БИР); Агентии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико оид ба рушди байналмилалӣ (USAID);
Вазорати рушди байналмилалии Британияи Кабир (DFID);
Бонки аврупоии таҷдид ва рушд (БАТР).
Ҳиссаи сармоягузориҳои USAID ва DFI D тавассути Фонди мақсадноки мултидонорӣ ҷиҳати муттаҳидсозии кӯмаки молиявии донорҳои дуҷониба, ки дар дастгирии лоиҳа изҳори ҳавасмандӣ намудаанд, таъмин мегардад.
Айни замон, браои Покистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон норасоии ночиз дар маблағгузорӣ мавҷуд аст, ки онро метавон тавассути маблағгузории иловагии Бонки ҷаҳонӣ баъди қабули нархҳои пешниҳодҳо ва муайян намудани хароҷоти ниҳоӣ, пурра гардонид.
- Соҳибмулкӣ ва идоракунии хатҳои интиқоли барқ ба зиммаи кӣ гузошта мешавад?
Ширкати интиқолкунандаи ҳар як кишвар соҳибмулки иншооти воқеъ дар он кишвар хоҳад буд. Чор давлат ширкати байналмилалиро бо мақсади идоракунӣ ва хизматрасонии хати ҷараёни доимии баландшиддат ҷиҳати ҳамоҳангсозии байнидавлатии интиқоли нерӯи барқ, ҳисоби он, аз байн бурдани камбудиҳои техникӣ, интихоб мекунанд.
Идоракунӣ ва нигоҳдории иншооти ҷараёни тағйирёбандаи кишварҳои дахлдор ба зиммаи ширкатҳои миллии интиқоли нерӯи барқ вогузор мегардад.
8.Оё барои дастгирии лоиҳа ягон инфрасохтори нави истеҳсоли нерӯи барқ зарур аст?
Не, инфрасохтори зарурӣ барои истеҳсоли нерӯи барқ аллакай мавҷуд аст. Маълумоти иловагӣ ба гузориши ибтидоии асосноккунии лоиҳа аз моҳи феврали 2011 нишон дод, ки дар давоми 20 соли оянда (2016-35) барои интиқоли он ба Осиёи Ҷанубӣ бе сохтмони иншооти иловагии истеҳсоли нерӯи барқ дар Ҷумҳурии Қирғизистон ва Тоҷикистон ҳаҷми кофии нерӯи барқи зиёдатии фасли тобистон (аз 1 май то 30 сентябр) дастрас хоҳад буд.
Айни замони Тоҷикистон дар фасли тобистон ҳаҷми зиёди обро бе истеҳсоли нерӯи барқ мепартояд, зеро ҳаҷмизарурии об барои талаботи дохилӣ ва соридоти кунунии нерӯи барқ зиёдтар мебошад.
Дар давоми моҳҳои тобистон ҳаҷми зиёди нерӯи барқи зиёдатӣ барои қонеъ намудани талаботи содироти он дар доираи лоиҳа бе сохтмони иншооти иловагии истеҳсоли нерӯи барқ дастрас мебошад.
- Масъалаи тағйирёбиҳо дар ҳаҷми зиёдатии нерӯи барқи дастрас чӣ тавр танзим хоҳанд шуд?
Истеҳсоли нерӯи барқ дар кишварҳои содиркунанда аз захираҳои обию энергетикӣ вобастагӣ дорад.
Ҳаҷми об вобаста аз сатҳи обшавии пиряхҳо ва борон ҳар сол тафовут дорад.
Ҳаҷми нерӯи барқи зиёдатӣ дар кишварҳои содиркунанда аз гидрологияи ҷараёни об дар дарёҳо дар ҳамон сол ва аз талаботи дохилӣ ба нерӯи барқ вобаста хоҳад буд.
Масалан, дар давоми сол, вақте ки ҳаҷми оби дохилшуда ва ҷамъшуда кам аст, баъди қонеъ намудани талаботи дохилӣ ба нерӯи барқ ҳаҷми нерӯи барқи зиёдатӣ кам мешавад.
Масалан, ҳар панҷ сол як бор Ҷумҳурии Қирғизистон бо камшавии ҳаҷми об дар дарёҳои худ рӯ ба рӯ мешавад.
Ҳаҷми миёнаи содироти 4 нерӯи барқ аз ҷониби Ҷумҳурии Қирғизистон дар давоми 25 соли охир наздиқ ба 2,500 гигаватт- соат ( гВт/с) дар як сол буд, дар ҳоле ки ҳаҷми содирот дар доираи лоиҳаи CASA — 1000 аз ин ҳаҷми миёнаи таърихии содирот бамаротиб камтар хоҳад буд.
Кишварҳо омодаанд, ки уҳдадориҳои нисбат ба кишварҳои поёнобро иҷро намоянд ва кафолат медиҳанд ки уҳдадориҳои лоиҳавӣ ба таъминоти дохилии нерӯи барқ таъсир намерасонад.
Сохтори тиҷоратии лоиҳа, ки байни кишварҳои содиркунанда ва воридкунанда мувофиқа шудааст ва таъминоти нерӯи барқро танзим мекунад, барои ҳалли масъалаи тағйирёбиҳо дар ҳаҷми содирот хизмат мекунад.
Уҳдадориҳои ҳуқуқӣ дар ҳаҷми миёнаи содироти нерӯи барқ барои ҳар 5 сол асос меёбанд, ки он дар навбати худ эҳтимолияти тағйирёбиии ҳамасоларо ба инобат мегирад.
Ҳаҷми иловагии нерӯи барқро метавон дар солҳои сербориш таъмин намуд.
Ҳаҷми ҷоришавии об дар фасли тобистон бо талаботи кишварҳои поёноб ҷиҳати истифодаи он барои обёрӣ низ мувофиқ мебошад.
- Оё содироти нерӯи барқ ба вазъи энергетикии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистонистон таъсир мерасонад?
Не, танҳо нерӯи барқи зиёдатии фасли тобистон, ки аз 1 май то 30 сентябр истеҳсол мегардад, фурӯхта мешавад. Дар акси ҳол ҳаҷми зиёдатии нерӯи барқи дар тобистон истеҳсолшуда исроф мешавад; содироти он ба истеҳсоли нерӯи барқ дар зимистон таъсир намерасонад ва вазъи норасоии барқро бадтар намегардонад.
Лоиҳа ба кам кардани норасоии нерӯи барқ дар фасли зимистон мусоидат хоҳад намуд, зеро интизор меравад, ки даромад аз содирот дар чораҳои алоқаманд бо коҳишдиҳии норасоии нерӯи барқ истифода мешавад.
Азбаски лоиҳа дастрасии озодро таъмин мекунад, Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон низ метавонанд дар фасли зимистон тавассути хати бунёдшуда нерӯи барқро ворид намоянд.
11. Оё дастрасии озод ба хати интиқоли нерӯи барқ таъмин мегардад?
Бале, тибқи қарордод дастрасии озод ба инфрасохтори интиқоли нерӯи барқ ҷиҳати ҳавасманд намудани фурӯши нерӯи барқ аз дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Россия ҳангоми интиқол нашудани нерӯи барқи
лоиҳаи CASA-1000 тавассути шабака (яъне аз 1 октябр то 30 апрел) таъмин мегардад.
Инфрасохтори бунёдшуда метавонад ҷараёни нерӯи барқро дар ҳар ду самт таъмин намояд, ҳамин тавр тамоми кишварҳо метавонанд нерӯи барқро аз манбаи он, ки ба шабака пайваст мебошад, ворид кунанд.
12.Идоракунии хавфҳои алоқаманд бо амният чӣ тавр амалӣ мегардад?
Дар рафти сохтмон ва истифодаи шабака, амният масъалаи асосии лоиҳамаҳсуб меёбад. Масъалаҳои амниятӣ асосан бо минаҳо, саботаж ва дуздидани таҷҳизот алоқаманд мебошанд. Тамоми ҳукуматҳои давлатҳо барои таъмини амнияти зарурии кормандони пудрадчӣ ва молҳои он ба мувофиқа омадаанд. Ҳар як давлат Нақшаи идоракунии хавҳоро барои марҳилаи сохтмон ва истифодабарии хати интиқоли барқ дар ҳудудҳои дахлдор омода намудааст.
Пардохт намудани маблағ барои тамоми корҳои алоқаманд бо минаҳо ё ягон чораи иловагии амниятии пудрадчӣ пешбинӣ шудааст. Барномаҳои дастгирии ҷомеаҳои маҳаллӣ барои аҳолие, ки дар наздикии масири хати интиқоли нерӯи барқи лоиҳаи CASA-1000 зиндагӣ мекунад, онҳоро ба нигоҳдории амният дар фаъолияти ХИБ ҳавасманд мекунанд.
Дар сурати расонидани зарар ба хати нерӯи барқ, чораҳо чиҳати маҳдуд намудани қатъи он андешида шудаанд.
- Ба имзо расонидани созишномаҳои тиҷоратӣ дар кадом ҳолат қарор дорад?
5 созишномаҳои зерин ба имзо расонида шуданд :
- Созишномаи асосӣ байни тарафайн–намояндагони чор кишвар;
- Панҷ Созишнома оид ба хариди нерӯи барқ байни кишварҳои содиркунанда
ва воридкунанда , аз он ҷумла як созишнома байни Афғонистон ва Покистон оид ба фурӯши нерӯи барқи зиёдатие, ки аз ҷониби Афғонистон истифода нашудааст;
- Созишномаи ҳамоҳангӣ байни Ҷумҳурии Қирғизистонистон ва Тоҷикистон; ва
- Созишномаи ҳукумати кишвари қабулкунанда (HGA) байни ҳукуматҳо ва муассисаҳои масъули татбиқ дар Афғонистон, Тоҷикистон ва Покистон.
Тибқи Созишномаи асосӣ, бо назардошти раванди тӯлонии тасдиқкунӣ дар кишвар, муҳлати охирини баимзорасонии Созишномаи HGA Ҷумҳурии Қирғизистон 7 июли соли 2016 муайян шудааст.
14. Таъмини кафолат дар кадом ҳолат қарор дорад?
Механизми баланд бардоштани сифати қарз, ки аз ҷониби кишварҳо ба
мувофиқа мерасад кафолатҳои давлатии дорои кафолатҳои НБМ-ро пешбинӣ мекунад.
- Афғонистон, Покистон ва Тоҷикистон кафолатҳои давлатиро пешниҳод намудаанд.
Тибқи Созишномаи асосӣ кафолати Ҷумҳурии Қирғизистон бояд то 7 июли соли 2016 пешниҳод гардад;
- Бонк дархости расмиро аз чор кишвар оид ба таъмини кафолатҳои НБМ барои фарогирии хавфи 40 млн. доллари ИМА барои ду кишвари воридкунанда ва ҳамон барои ду кишвари содиркунанда қабул намуд; он саҳми иловагии АБР дар ҳаҷми 25% фарогирии кафолатдодашудаи хавфҳоро талаб мекунад.
- Вазъи харидҳои асосӣ чӣ гуна аст?
Раванди музоядаи байналмилалӣ барои харидҳои асосӣ оғоз гардид:
(a) истгоҳҳои тағйирдиҳии ҶДБШ, аз он ҷумла хизматрасонии техникӣ ва истифодабарӣ дар давоми се сол;
(b) ҷалби муҳандисони худӣ ;
(c) хати интиқоли нерӯи барқ дар Афғонистон (дарозтарин қисмати лоиҳа);
(d) хатҳои ҶТ ва ҶД дар Ҷумҳурии Қирғизистонистон, Тоҷикистон ва Покистон.
Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ (КБМ) ба кишварҳо оид ба хариди мазкур кӯмаки машваратӣ пешниҳод мекунад.
- Лоиҳа дар давоми чанд сол амалӣ мегардад?
Корҳои сохтмонӣ дар доираи лоиҳа аз давраи интихоби пудрадчӣ барои бунёди истгоҳи тағйирдиҳии ҶДБШ тақрибан се сол идома меёбад (семоҳаи дуюми соли тақвимии 2017). Дигар корҳо баробар амалӣ мегарданд.
- Таъсири эҳтимолии экологӣ ва иҷтимоии лоиҳа кадом аст?
Тибқи хулосаи Тадқиқоти арзёбии таъсири экологӣ ва иҷтимоии (АТЭИ) соли 2010, таъсири эҳтимолии экологӣ ва иҷтимоии лоиҳаро бо амалисозии Нақшаи идоракунии масоили экологӣ ва иҷтимоӣ (НИЭИ) метавон коҳиш дод.
Хулосаи мазкурро дигар Арзёбии минтақавии экологӣ ки дар охири соли 2013 анҷом дода шуд, собит намуд.
Тибқи маълумоти АТЭИ қисмати зиёди масири хати интиқоли барқ аз замини беоб, дорои набототи кам ва сатҳи пасти гуногунии биологӣ мебошад. Камтар аз 10 фоизи масирро дар Ҷумҳурии Қирғизистон ва Тоҷикистон
заминҳои кишоварзӣ ташкил медиҳанд.
Дар Тоҷикистон ва Афғонистон (Имом Соҳиб, Саланг Котал ва водии Ҷалолобод) се минтақаи муҳимми паррандагон мавҷуд аст, ки дар он ҷо тадбирҳои махсуси муҳофизати паррандагон бояд андешида шаванд. Дар доираи лоиҳа гирифтани қитъаҳои замин барои истифодаи доимӣ пешнибӣ намешавад.
Бо вуҷуди ин, майдони замине, ки бояд гирифта шавад ва шумораи аҳолии зери таъсири лоиҳа қарорёфта то интихоби ниҳоии масир маълум намешавад.
Дар доираи лоиҳа Барномаи ба даст овардани замин ва муҳоҷиркунонӣ омода шудааст. Он дар тартиб додани Нақшаи ба даст овардани замин ва муҳоҷиркунонӣ баъди муайян намудани масири ниҳоии хатҳои интиқоли барқ ва макони дақиқи истгоҳҳои конвертерӣ, пойдеворҳои манораҳои хати интиқоли барқ ва дигар инфрасохтори дахлдор ҳамчун дастур истифода мешавад .
Айни замон кишварҳои иштирокчии лоиҳа бо мақсади муайян намудани таъсирот ва чораҳои кам кардани он таъсир, ки дар ҳар як кишвар амалӣ мегарданд, АТЭИ вобаста ба ҳар як кишвар омода намуда истодаанд.
18. Лоиҳа ба аҳолие, ки дар масири хати интиқоли барқ истиқомат мекунад, чӣ тавр кӯмак мерасонад?
Дар доираи лоиҳаи Барномаҳои дастгирии ҷомеаҳои маҳаллӣ пешбинӣ шудаанд. Барномаҳои мазкур дар тӯли хати ин тиқоли барқ зиёда аз 600 ҷомеаи маҳаллиро фаро мегирад. Тадқиқоти пешакии баҳрабардории муштарак дар ҳар як кишвар ҷиҳати дарк намудани талабот ва афзалиятҳои ҷомеаҳои маҳаллӣ гузаронида шуд.
Маблағгузорӣ дар ҳаҷми $40 миллион барои Афғонистон, ки аз ҳудуди он дарозтарин хати ҶДБШ мегузарад, тасдиқ гардид.
Интизор меравад, ки кӯмак дар ҳаҷми $30 миллион ба дигар се кишвар пешниҳод мегардад, аз он маблағ $19 миллион аллакай таъмин гардид.