Ш.Ҷононов: ҶИП қодир аст амнияти хатти интиқоли барқро таъмин намояд

Май 12, 2016 16:17

Душанбе, 12.05.2016. /АМИТ «Ховар»/. Татбиқи лоиҳаи CASA-1000 барои рушди тиҷорату истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ такони тоза бахшида, амнияти энергетикиро дар минтақа таъмин хоҳад кард. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқот бо Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Муҳаммад Навоз Шариф таъкид намуд, ки талошҳои ҳар ду кишвар барои расидан ба мақсадҳои манфиатбор дар роҳи татбиқи лоиҳаи CASA-1000 самараи нек ба бор оварда, дар рушди босуботи иҷтимоиву иқтисодии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ нақши муассир мегузорад.
Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Покистон Шералӣ Ҷононов вобаста ба татбиқи Лоиҳаи CASA-1000 иброз дошт, ки бо назардошти рушди соҳаи саноат, нақлиёт, хоҷагии қишлоқ, маориф ва тандурустӣ то соли 2020 Ҷумҳурии Исломии Покистон ба 8,5 ҳазор мгВт энергияи барқ зарурат пайдо хоҳад кард.
«Покистон 67 фоизи истеҳсоли иқтидори қувваи барқро дар асоси сӯзиши нафту газ ба роҳ мондааст. Бинобар ин дар ҳоли ҳозир Покистон дар ҷустуҷӯи ҳалли фаврӣ ва гуногуни ин масъала мебошад. Лоиҳаи CASA-1000 барои Покистон на танҳо як лоиҳаи минтақавӣ, балки ҳамчунин як нури умед барои рушди иқтисоди миллӣ мебошад. Дар масъалаи амнияти хатти интиқоли барқ аз ҷониби Покистон ягон шакку шубҳа нест, зеро ин кишвар қодир аст ба таври бояду шояд амнияти хатти интиқоли барқро таъмин намояд»,- зикр намуд Шералӣ Ҷононов.
Ёдовар мешавем, ки дар мулоқоти Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Муҳаммад Навоз Шариф барқарор гардидани робитаҳои мустақими ҳавоӣ дар хатсайри Душанбе-Лоҳур муҳим ва саривақтӣ арзёбӣ гардида, барои таъмини бозорҳои Ҷумҳурии Исломии Покистон бо меваю сабзавоти тоза ва хушкмеваҳо аз Тоҷикистон изҳори омодагӣ карда шуд.
Роҳандозии хатсайри мазкур ба таҳкими муносибатҳои мутақобила мусоидат хоҳад кард. «Хатсайри нав ба ҷалби сайёҳони хориҷӣ ба Тоҷикистон, ҷалби сармоя, рушди тоҷорат, омӯзиши фарҳанги ҳарду кишвар ва пешбурди симои нави Тоҷикистон дар манотиқи Осиёи Ҷанубӣ мусоидат хоҳад кард.
Парвозҳо бо дастгирии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти ҶТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳандозӣ шуда, он як саҳифаи нав барои ҳамкории дуҷониба мебошад»,-илова намуд Сафири Тоҷикистон дар Покистон.
Лоиҳаи CASA-1000 имкон медиҳад, ки як силсила мушкилоти иҷтимоӣ ва иқтисодиву экологӣ дар ҳар чор кишвар ҳалл гарданд.
Таъсис додани ҷойҳои нави корӣ, паст кардани сатҳи камбизоатӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум аз ҷумлаи онҳо мебошанд.
Лайло Қосимова

Май 12, 2016 16:17

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«Ибни Сино ва Абубакри Розӣ — нобиғаҳои тамаддуни башарӣ». Дар Душанбе таҳти ин унвон ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе Ҷаласаи Комиссияи байнидавлатӣ оид ба рушди устувори кишварҳои Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон конференсияи илмӣ-назариявӣ баргузор шуд
Дар Суди конститутсионии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Конститутсия маҷлиси тантанавӣ доир гардид
Дар Агентии ҳифзи меъроси таърихию фарҳангӣ 31-солагии Конститутсияи Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Дар шаҳри Душанбе чорабинии фарҳангӣ ба ифтихори Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
КОНСТИТУТСИЯ — ИНЪИКОСКУНАНДАИ СУННАТҲОИ ПУРҒАНОВАТИ ХАЛҚИ ТОҶИК. Андешаҳои ҳуқуқшинос Исмоил Абдуалимзода оид ба ҷанбаҳои таърихии ин санад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар ноҳияи Данғара ҳамоиши идона доир шуд
Дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкорӣ дар ҳошияи иштироки Президенти Тоҷикистон дар Саммити СММ ҳамоиши илмӣ баргузор шуд