Ш. Зуҳуров бо роҳбарони баландпояи Русия қазияи дар оромгоҳи Хованский бавуқуъомадаро матраҳ менамояд

Май 16, 2016 15:00

Душанбе, 16.05.2016/АМИТ «Ховар»/. Шукурҷон Зуҳуров -раиси палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон зимни сафари корӣ ба Русия, ки фардо, 17 май сурат мегирад, бо роҳбарони баландпояи Русия мулоқот намуда, ҷараёни тафтишоти ҳаводиси нангини 14 май дар оромгоҳи Хованскийи Маскав баамаломадаро ба таври ҷиддӣ матраҳ менамояд.
Аз Маҷлиси намояндагон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки ҳамзамон Шукурҷон Зуҳуров субҳи имрӯз ба роҳбарони вазорату идораҳои салоҳиятдори кишвар супориш додааст, ки барои мунсифона тафтиш намудани қазияи дар оромгоҳи Хованский рухдода ҳамкориро бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва тартиботи Русия ба роҳ монда, тақвият бахшанд.

Май 16, 2016 15:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад