Ширкати «Сомон Эйр» сертификати IOSA-ро соҳиб шуд
Душанбе, 22.05.2016 /АМИТ «Ховар»/. Ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» миёни ширкатҳои ҳавопаймоии Тоҷикистон нахустин шуда, бо муваффақият аз аудити амалии бехатарии парвозҳои IATA (IOSA) гузашта, сертификати IOSA-ро соҳиб шуд. Маросими супоридани сертификат дар шаҳри Душанбе баргузор гардид. Директори генералии ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» Эвхенио Хайме Манзано сертификатро аз намояндаи минтақавии Ассотсиатсияи байналмилалии нақлиёти ҳавоӣ дар Осиёи марказӣ Ҷордан Карамалаков қабул намуд.
Тавре ки котиби матбуотии ин ширкат Тимур Бандишоев хабар дод, дар ҷараёни аудит, ки гузаштани он барои дархости узвияти комилҳуқуқи IATA (Ассотсиатсияи байналмилалии нақлиёти ҳавоӣ) ҳатмӣ мебошад, кулли раёсатҳои истеҳсолии ширкати ҳавопаймоӣ санҷида шуданд.
«Бо дарёфти сертификати бақайдгирӣ ба сифати оператори IOSA, ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» ба талаботи байналмилалии бехатарии парвозҳо ҷавобгў гардид. Пас аз 8 соли фаъолият «Сомон Эйр» ҳамоно пешсафи соҳа буда, дастёбӣ ба сертификати бақайдгирии ширкат ба сифати оператори IOSA марҳилаи навин дар таърихи музаффариятҳои ширкат мебошад. Ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» аз ин дастоварди худ, ки инъикосгари устувории ширкат ва фаъолияти фидокоронаи мутахассисони кордони ширкат мебошад, ифтихор намуда, аз рушди минбаъдаи ҳамкории ширкат бо ширкатҳои ҳавопаймоии аъзои IATA (Асотсиатсияи байналмилалии нақлиёти ҳавоӣ) умедвор мебошад»,-илова намуд Т.Бандишоев.








Ҷамъи 11: МегаФон Тоҷикистон шабакаи идораҳои хизматрасонӣ ба муштариёнро васеъ менамояд
5-6 март дар Тоҷикистон борони бошиддат пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба роҳҳои пешгирии коррупсия, терроризм ва экстремизм ҳамоиш доир шуд
Дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Модар ҳамоиш доир гардид
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Дар Душанбе масоили афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ баррасӣ шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар ноҳияи Айнӣ қариб 3000 бех ниҳол шинонида шуд
ТАҶАЛЛИБАХШИ НИГИНИ ТОҶИ МИЛЛАТ. Андешаҳо дар мавриди арҷгузорӣ ба Зан-Модар
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Дар Данғара ҷаласаи Комиссияи ҳудудӣ оид ба муқовимат ба савдои одамон доир гардид






