Ширкати «Сомон Эйр» сертификати IOSA-ро соҳиб шуд

Май 22, 2016 14:27

Душанбе, 22.05.2016 /АМИТ «Ховар»/. Ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» миёни ширкатҳои ҳавопаймоии Тоҷикистон нахустин шуда, бо муваффақият аз аудити амалии бехатарии парвозҳои IATA (IOSA) гузашта, сертификати IOSA-ро соҳиб шуд.  Маросими супоридани сертификат дар шаҳри Душанбе баргузор гардид. Директори генералии ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» Эвхенио Хайме Манзано сертификатро аз намояндаи минтақавии Ассотсиатсияи байналмилалии нақлиёти ҳавоӣ дар Осиёи марказӣ Ҷордан Карамалаков қабул намуд.

Тавре ки котиби матбуотии ин ширкат Тимур Бандишоев хабар дод, дар ҷараёни аудит, ки гузаштани он барои дархости узвияти комилҳуқуқи IATA (Ассотсиатсияи байналмилалии нақлиёти ҳавоӣ) ҳатмӣ мебошад, кулли раёсатҳои истеҳсолии ширкати ҳавопаймоӣ санҷида шуданд.

«Бо дарёфти сертификати бақайдгирӣ ба сифати оператори IOSA, ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» ба талаботи байналмилалии бехатарии парвозҳо ҷавобгў гардид. Пас аз 8 соли фаъолият «Сомон Эйр» ҳамоно пешсафи соҳа буда, дастёбӣ ба сертификати бақайдгирии ширкат ба сифати оператори IOSA марҳилаи навин дар таърихи музаффариятҳои ширкат мебошад. Ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» аз ин дастоварди худ, ки инъикосгари устувории ширкат ва фаъолияти фидокоронаи мутахассисони кордони ширкат мебошад, ифтихор намуда, аз рушди минбаъдаи ҳамкории ширкат бо ширкатҳои ҳавопаймоии аъзои IATA (Асотсиатсияи байналмилалии нақлиёти ҳавоӣ) умедвор мебошад»,-илова намуд Т.Бандишоев.

 

 

 

Май 22, 2016 14:27

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Душанбе ҷашни Меҳргон таҷлил мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии меваи анор оғоз гардидааст
Дар Академияи идоракунии давлатӣ даври шаҳрии озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш дар назар аст
Тоҷикистон ва Кувайт ҳамкориро дар арсаҳои фанновариҳои иттилоотӣ ва фарҳанг баррасӣ намуданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Маҷлиси намояндагон ду созишномаи ҳамкории Тоҷикистонро бо Фонди авруосиёии субот ва рушд тасдиқ намуд
Дар Душанбе доир ба Шабакаи иқлимии TajCN ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 16 дараҷа гарм мешавад
Тоҷикистон ва Корея ҳамкориро дар самти рақамикунонии китобдорӣ густариш медиҳанд
Мутахассисони алоқа ба мавсими сармо омодагӣ мебинанд