«Шоҳнома» ва «Тоҷикон дар оинаи таърих»- китобҳои рӯимизии афсарон

Май 25, 2016 17:16

Кӯлоб, 25.05.2016 /АМИТ «Ховар»/. 24 май бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон  дар шаҳри Кӯлоб ва ТҶҶ «Созандагони Ватан» дар қисми низомии 13483 «Д»-и шаҳри Кӯлоб таҳти унвони «Китоби «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ ва китоби «Тоҷикон дар ойинаи таърих»-и Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро мехонем!» ҳамоиши ватандӯстонаи ҳизбӣ баргузор шуд.
Ҳамоиши мазкур дар доираи «25 ҳафтаи «Созандагони Ватан»» доир гардида, ба 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шуд.
Дар ҳамоиш иштирокдорон бо ҳайати фармондеҳӣ ва афсарону сарбозони қисми низомии 13483 «Д»-и шаҳри Кӯлоб раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб бо иқтибос аз шоҳасарҳои миллат  «Шоҳнома» ва «Тоҷикон дар оинаи таърих»  перомуни миллатдӯстиву ватанпарварӣ ва ифтихор аз гузаштаву имрӯзаи давлатдории миллатамон суханронӣ намуданд.
Аз тарафи ихтиёриёни ТҶҶ «Созандагони Ватан» ба иштирокдорон порчаҳои назмиву насрӣ хонда шуда, саҳнаҳои ибратомӯзи ватанпарварона манзур карда шуд.
Командири қисми низомӣ, подполковник Илҳом Сайвалиев изҳор дошт, ки баргузории чунин чорабиниҳо афсарону сарбозонро беш аз пеш рӯҳбаланд гардонида, дар баланд гардидани сатҳи маънавиёт ва эҳсоси ватандӯстиашон мусоидат менамояд.  «Шоҳнома» ва «Тоҷикон дар оинаи таърих» китобҳои рӯимизии афсарон буда, онҳо аз ин асарҳо дарси хештаншиносӣ меомӯзанд.

Май 25, 2016 17:16

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад