«Шоми Ваҳдат»: аз Хатлон то Бадахшон

Май 31, 2016 12:03

Қурғонтеппа, 31.05.2016 /АМИТ Ховар/.  Дар  доираи Рӯзҳои фарҳангии  вилояти  Хатлон дар  Бадахшон раиси вилояти Хатлон Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода ҷиҳати иштирок дар чорабиниҳои фарҳангӣ ва дидори собиқадорон ба вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон сафар кард.
Тавре аз шуъбаи иттилоотӣ-таҳлилии  мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон иттилоъ доданд,  раиси  вилояти Хатлон Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода ва  раиси ВМКБ Шодихон Ҷамшед аз се хонаводаи собиқадорони меҳнат дар шаҳри Хоруғ дидан намуда, Д. Гулмаҳмадзода туҳфаҳои фиристодаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба собиқадорон расонид.
Инчунин раисони вилоятҳо аз гарнизони қисми ҳарбии шаҳри Хоруғ дидан намуда, дар маросими савгандёдкунии наваскарон иштирок намуданд.
Дар боғи фарҳангию фароғатии шаҳри Хоруғ раиси вилояти Хатлон Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода ва раиси вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон Ҷамшед Шодихон бо ҳайати расмӣ аз намоишгоҳи маҳсули ҳунарҳои мардумӣ ва маҳсулоти кишоварзию саноатӣ дидан намуда, дар пояи муҷассамаи Қаҳрамони Тоҷикистон-Шириншоҳ Шоҳтемур гулчанбар гузоштанд.
Раисони вилоятҳо баъд аз гулгузорӣ бо  250 нафар собиқадорони ҷангу меҳнати шаҳру ноҳияҳои ВМКБ суҳбат  оростанд.
Ҳамчунин дар  Хоруғ Барномаи фарҳангии ҳунармандони вилояти Хатлон таҳти унвони «Шоми Ваҳдат» доир гардид.

Май 31, 2016 12:03

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад