Шумораи қурбониёни се ҳамла дар Бағдод ба 94 нафар расид

Май 12, 2016 12:21

Душанбе, 12.05.2016 / АМИТ «Ховар» /. Шумораи қурбониёни се ҳамла дар Бағдод ба 94 нафар расид,- хабар медиҳад рӯзи чоршанбе агентии «Франс Пресс». Пештар дар бораи беш аз 80 ҳалокшуда ва 140 маҷрӯҳ иттилоъ дода шуд.
Шумораи ҷароҳатбардоштагон дар ин ҳамлаи террористӣ, ки масъулияти онро гурӯҳи террористии ба ном «Давлати исломӣ» ба уҳда гирифт, то ба 150 нафар расид.
Силсилатаркишҳо дар пойтахти Ироқ рӯзи чоршанбе сурат гирифтанд. Автомобили бомбагузоришуда субҳ дар бозори минтақаи шианишини Мадинат-ас- Садр таркид, таркиши дуюм дар даромадгоҳи минтақаи Қадимия, дар шимоли Бағдод рух дод.
Бино ба иттилои агентии «Ассошиэйтед Пресс» ҳадафи таркиши дуюм истгоҳи маҳалии пулис буд. Мошини сеюм дар ғарби шаҳр -дар минтақаи суннинишин таркид.

Май 12, 2016 12:21

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад