Суғд: сохтмони толори варзишӣ ба истиқболи ҷашни 25-солагии Истиқлолият
Конибодом, 26.05.2016. /АМИТ «Ховар»/. Тавре ки ба АМИТ «Ховар» масъулин аз раёсати кор бо ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилояти Суғд иттилоъ доданд, барои сазовар пешвоз гирифтани ҷашни бузурги кишвар — 25 солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯзҳо дар шаҳри Конибодом низ дар қатори бунёди чанд майдончаи варзишии комплексӣ, ҳамчунин сохтмони маркази калони варзишӣ ҷараён дорад.
Сохтмони бинои калони замонавии варзишӣ бо тамоми инфрасохтораш аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Ҷамшед Назаров руи кор омада, он дар майдончаи варзишии «Ҷаҳонгир» аз се толор иборат хоҳад буд. Толори бузург барои тамоми намудҳои варзиш, толори хурд барои варзиши бокс, дзюдо, таэквандо, акрабатика, гӯштин, йога ва боз як толори хурд барои машқи бадан махсус гардонида мешаванд.
Ҳамчунин дар паҳлуи толори варзишӣ, сохтмонӣ майдончаи варзишӣ бо фарогири бозии баскетбол ва майдонча барои бозиҳои тобистонаи футбол аз ҷониби соҳибкори дигар Равшан Азизов шурӯъ гардидааст, ки он низ ба пешрафти соҳаи варзиш ва дастгирии ҷавонони шаҳр нигаронида шудааст.
Сохтмончиён азм доранд бунёди ин иншооти варзиширо то ҷашни 25-солагии Истиқлолияти давлатии кишвар ба итмом расонанд, ки он туҳфаи арзанда барои ҷавонону варзишгарони шаҳр аст.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад






