Суғд: сохтмони толори варзишӣ ба истиқболи ҷашни 25-солагии Истиқлолият

Май 26, 2016 15:15

Конибодом, 26.05.2016. /АМИТ «Ховар»/.  Тавре ки ба АМИТ «Ховар» масъулин аз раёсати кор бо ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилояти Суғд иттилоъ доданд, барои сазовар пешвоз гирифтани ҷашни бузурги кишвар — 25 солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯзҳо дар шаҳри Конибодом низ дар қатори бунёди чанд майдончаи варзишии комплексӣ, ҳамчунин сохтмони маркази калони варзишӣ ҷараён дорад.
Сохтмони бинои калони замонавии варзишӣ бо тамоми инфрасохтораш аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Ҷамшед Назаров руи кор омада, он дар майдончаи варзишии «Ҷаҳонгир» аз се толор иборат хоҳад буд. Толори бузург барои тамоми намудҳои варзиш, толори хурд барои варзиши бокс, дзюдо, таэквандо, акрабатика, гӯштин, йога ва боз як толори хурд барои машқи бадан махсус гардонида мешаванд.
Ҳамчунин дар паҳлуи толори варзишӣ, сохтмонӣ майдончаи варзишӣ бо фарогири бозии баскетбол ва майдонча барои бозиҳои тобистонаи футбол аз ҷониби соҳибкори дигар  Равшан Азизов шурӯъ гардидааст, ки он низ ба пешрафти соҳаи варзиш ва дастгирии ҷавонони шаҳр нигаронида шудааст.
Сохтмончиён азм доранд бунёди ин иншооти  варзиширо то ҷашни 25-солагии Истиқлолияти давлатии кишвар ба итмом расонанд, ки он   туҳфаи арзанда барои ҷавонону варзишгарони шаҳр аст.

Май 26, 2016 15:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид