Тағйиру иловаҳо ҳадафҳои бунёдии давлату миллатро пайгирӣ доранд
Душанбе, 20.05.2016 /АМИТ «Ховар»/. Маъракаи муҳими сиёсӣ, ки анқариб дар Ҷумхурии Тоҷикистон дар назар гирифта шудааст, тоҷикони бурунмарзиро низ дар канор нагузошт. Ҳамзабонон дар ҳар гӯшаи дунё, ки кору зиндагӣ накунанд, хуб дарк менамоянд, ки Ватани таърихиашон-Тоҷикистон барояшон ба унвони маъман ва такягоҳ буда, дар рӯзи сахтӣ ҳомиву пуштибонашон хоҳад буд.
Тоҷикони Қирғизистони ҳамсоя низ ҳамвора ба масъалаҳои дохилии Тоҷикистон мароқ зоҳир намуда, аз пешрафту ободкориҳои ҳамзабонони худ изҳори ризояту хушҳолӣ мекунанд.
Бино ба иттилои маркази матбуоти Иттиҳодияи ҷамъиятии тоҷикони Қирғизистон ба номи устод Рӯдакӣ, фаъолони созмон зимни дидору вохӯриҳо бо ҳамзабонон перомуни омодагиҳо ба маъракаи муҳими сиёсии дарпешистода-ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумоти муфассалро пешниҳод менамоянд.
Дар ин нишастҳо, ки дар вилоятҳои Бодканд, Уш, Ҷалолобод ва шаҳри Бишкек доир гардиданд, оид ба мақсаду моҳияти ин маъракаи муҳими сиёсӣ, таъсири мусбати ин раъйпурсӣ барои дурнамои ҳамкории судманди Тоҷикистон бо ҷумҳуриҳои минтақаи Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Қирғизистон таъкид гардид.
Ба гуфтаи Мухтор Дадаев, муовини якуми раиси Иттиҳодияи ҷамъиятии тоҷикони Қирғизистон тайи 7 соли охир ҳамкории созмони ба номи устод Рӯдакӣ бо Сафорати Тоҷикистон дар Қирғизистон, Анҷумани тоҷикон ва форсизабонони дунё «Пайванд» таҳкими бештар ёфта, дар партави он кумаку мусоидатҳои Тоҷикистон ба ҳамзабонони бурунмарзӣ афзоиш пайдо мекунад. Дар ҳоли ҳозир зиёда аз 300 ҷавони точик, ки хатмкардаи мактабҳои миёнаи Қирғизистон мебошанд, дар донишгоҳ ва омӯзишгоҳҳои касбии шаҳрҳои Душанбеву Хуҷанд таҳсил доранд. Ҳамаи ин, бешубҳа, бо баракати дастовардҳои Тоҷикистон дар арсаҳои мухталифи иқтисодиву ичтимоӣ ва таҳкими ваҳдати миллӣ муяссар шудааст.
Авриниссо Юлдошева- яке аз фаъолони созмони тоҷикон, омӯзгори дабиристони тоҷикии ба номи Абулқосим Фирдавсии шаҳраки Ҳайдаркони вилояти Бодканд мегӯяд, ки зарурати тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи Тоҷикистон аз омилҳои сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ, инкишофи давлату ҷомеа, пешрафти муносибатҳои ҷамъиятӣ, рушди соҳаҳои муҳими ҳаёти ҷомеа, ташаккули низоми ҳуқуқӣ ва дигар омилҳои муҳим вобаста мебошанд, ки онҳо мутобиқ гардондани меъёрҳои Қонуни асосиро ба шароити тағйирёбанда, хусусан рушдёбандаи ҷомеа асоснок мекунанд.
Бахром Марасулов, раиси Маркази фарҳангии тоҷикони вилояти Ҷалолобод изҳор медорад, ки ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсия падидаи нави ҳуқуқӣ нест, балки ҷузъи ҷудонашавандаи амалия ва таҷрибаи конститутсионии ҷомеаи ҷаҳонӣ мебошад. Чунин амал дар ҳамаи кишварҳо анҷом дода мешавад ва қонунҳои асосии давлатҳо бо мурури замон ва талаботи ҷомеа такмил меёбанд. То кунун дар Тоҷикистон ду дафъа- солҳои 1999 ва 2003 ба Конститутсия тағйиру иловаҳо ворид шудаанд. Иловаҳои нави ба Конститутсия пешниҳодшуда низ ҳамчун идомаи мантиқии ислоҳоти ҳуқуқӣ, сиёсию иҷтимоӣ дар кишвар, ба марҳалаи муосири рушд ворид шудани давлат ва ҷомеа вобаста буда, бо тақозои замон ва талаботи ҷомеа ба мустаҳкам намудани асосҳои сохтори конститутсионӣ, таҳкими мақоми конститутсионии шаҳрвандӣ, ҳокимияти қонунгузор, иҷроия судӣ ва ташаккули мақомоти худидоракунии маҳаллӣ равона гардидаанд.
Дар ин вохӯрихо аксар баромадкунандагон изҳор намуданд, ки тағйиру иловаҳо дар Қонуни асосии Тоҷикистон бо мақсади пойдории сулҳу субот, ваҳдати миллӣ, таъмини якпорчагӣ, амнияти давлат, ҳифзи арзишҳои истиқлол, бехатарии ҷомеа, таъмини волоияти қонуну тартиботи ҳуқуқӣ ва пешгирии тафриқаандозӣ миёни мардум равона гардидаанд.
Тоҷикони Қирғизистон бо изҳори хурсандӣ аз равандҳои бунёдкориву ваҳдатфизои Тоҷикистон таъкид намуданд, ки тағйиру иловаҳо дар маҷмӯъ ба мукаммал намудани меъёрҳои Қонуни асосӣ равона гардида, ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро тақвият мебахшанд ва ба таҳкими амнияти давлату миллат ва волоияти қонуну тартиботи ҳуқуқӣ мусоидат менамоянд.
Иттиҳодияи ҷамъиятии тоҷикони
Қирғизистон ба номи устод Рӯдакӣ








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд






