Тағйиру иловаҳо ҳадафҳои бунёдии давлату миллатро пайгирӣ доранд

Май 20, 2016 08:54

Душанбе, 20.05.2016 /АМИТ «Ховар»/. Маъракаи муҳими сиёсӣ, ки анқариб дар Ҷумхурии Тоҷикистон дар назар гирифта шудааст, тоҷикони бурунмарзиро низ дар канор нагузошт. Ҳамзабонон дар ҳар гӯшаи дунё, ки кору зиндагӣ накунанд, хуб дарк менамоянд, ки Ватани таърихиашон-Тоҷикистон барояшон ба унвони маъман ва такягоҳ буда, дар рӯзи сахтӣ ҳомиву пуштибонашон хоҳад буд.
Тоҷикони Қирғизистони ҳамсоя низ ҳамвора ба масъалаҳои дохилии Тоҷикистон мароқ зоҳир намуда, аз пешрафту ободкориҳои ҳамзабонони худ изҳори ризояту хушҳолӣ мекунанд.
Бино ба иттилои  маркази матбуоти  Иттиҳодияи ҷамъиятии тоҷикони Қирғизистон ба номи устод Рӯдакӣ, фаъолони созмон зимни дидору вохӯриҳо бо ҳамзабонон перомуни омодагиҳо ба маъракаи муҳими сиёсии дарпешистода-ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумоти муфассалро пешниҳод менамоянд.
Дар ин нишастҳо, ки дар вилоятҳои Бодканд, Уш, Ҷалолобод ва шаҳри Бишкек доир гардиданд, оид ба мақсаду моҳияти ин маъракаи муҳими сиёсӣ, таъсири мусбати ин раъйпурсӣ барои дурнамои ҳамкории судманди Тоҷикистон бо ҷумҳуриҳои минтақаи Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Қирғизистон таъкид гардид.
Ба гуфтаи Мухтор Дадаев, муовини якуми раиси  Иттиҳодияи ҷамъиятии тоҷикони Қирғизистон тайи 7 соли охир ҳамкории созмони ба номи устод Рӯдакӣ бо Сафорати Тоҷикистон дар Қирғизистон,  Анҷумани тоҷикон ва форсизабонони дунё «Пайванд» таҳкими бештар ёфта, дар партави он кумаку мусоидатҳои Тоҷикистон ба ҳамзабонони бурунмарзӣ афзоиш пайдо мекунад. Дар ҳоли ҳозир зиёда аз 300 ҷавони точик, ки хатмкардаи мактабҳои миёнаи Қирғизистон мебошанд, дар донишгоҳ ва омӯзишгоҳҳои касбии  шаҳрҳои  Душанбеву Хуҷанд таҳсил доранд. Ҳамаи ин, бешубҳа, бо баракати дастовардҳои Тоҷикистон дар арсаҳои мухталифи иқтисодиву ичтимоӣ ва таҳкими ваҳдати миллӣ муяссар шудааст.
Авриниссо Юлдошева- яке аз фаъолони созмони тоҷикон, омӯзгори дабиристони тоҷикии  ба номи Абулқосим Фирдавсии шаҳраки Ҳайдаркони вилояти Бодканд мегӯяд, ки зарурати тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи Тоҷикистон  аз омилҳои сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ, инкишофи давлату ҷомеа, пешрафти муносибатҳои ҷамъиятӣ, рушди соҳаҳои муҳими ҳаёти ҷомеа, ташаккули низоми ҳуқуқӣ ва дигар омилҳои муҳим вобаста мебошанд, ки онҳо мутобиқ гардондани меъёрҳои Қонуни асосиро ба шароити тағйирёбанда, хусусан рушдёбандаи ҷомеа асоснок мекунанд.
Бахром Марасулов, раиси Маркази фарҳангии тоҷикони вилояти Ҷалолобод изҳор медорад, ки  ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсия падидаи нави ҳуқуқӣ нест, балки ҷузъи ҷудонашавандаи амалия ва таҷрибаи конститутсионии ҷомеаи ҷаҳонӣ мебошад. Чунин амал дар ҳамаи  кишварҳо анҷом дода мешавад ва қонунҳои асосии давлатҳо бо мурури замон ва талаботи ҷомеа такмил меёбанд. То кунун дар Тоҷикистон  ду дафъа-  солҳои 1999 ва 2003 ба Конститутсия тағйиру иловаҳо ворид  шудаанд. Иловаҳои нави ба Конститутсия пешниҳодшуда низ ҳамчун идомаи мантиқии ислоҳоти ҳуқуқӣ, сиёсию иҷтимоӣ дар кишвар, ба марҳалаи муосири рушд ворид шудани давлат ва ҷомеа вобаста буда, бо тақозои замон ва талаботи ҷомеа ба мустаҳкам намудани асосҳои сохтори конститутсионӣ, таҳкими мақоми конститутсионии шаҳрвандӣ, ҳокимияти қонунгузор, иҷроия судӣ ва ташаккули мақомоти худидоракунии маҳаллӣ  равона гардидаанд.
Дар ин вохӯрихо аксар баромадкунандагон изҳор намуданд, ки тағйиру иловаҳо  дар Қонуни асосии Тоҷикистон  бо мақсади пойдории сулҳу субот, ваҳдати миллӣ, таъмини якпорчагӣ, амнияти давлат, ҳифзи арзишҳои истиқлол, бехатарии ҷомеа, таъмини волоияти қонуну тартиботи ҳуқуқӣ ва пешгирии тафриқаандозӣ миёни мардум равона гардидаанд.
Тоҷикони Қирғизистон бо изҳори хурсандӣ аз равандҳои бунёдкориву ваҳдатфизои Тоҷикистон  таъкид намуданд, ки  тағйиру иловаҳо дар маҷмӯъ ба мукаммал намудани меъёрҳои Қонуни асосӣ равона гардида, ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро тақвият мебахшанд ва ба таҳкими амнияти давлату миллат ва волоияти қонуну тартиботи ҳуқуқӣ мусоидат менамоянд.
Иттиҳодияи ҷамъиятии тоҷикони
Қирғизистон   ба номи устод Рӯдакӣ

Май 20, 2016 08:54

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе нишасти матбуотии Сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон баргузор гардид
СИГНАХИ. Шаҳри муҳаббат ва маконе дар Гурҷистон, ки дар он ҳамеша сулҳ пойдор будааст
«МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ-ОЙИНИ ХУДШИНОСӢ». Дар ноҳияи Синои пойтахт даври ноҳиявии озмуни ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони бошиддат меборад
ҶАВОНОН-НЕРУИ СОЗАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Дар ноҳияи Фархор Рӯзи ҷавононро таҷлил намуданд
«СОЗАНДАГОНИ ВАТАН». Дар Душанбе ҳамоиши ҷумҳуриявии ҷавонон баргузор гардид
РӮЗИ ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН. Дар майдони Парчами давлатӣ дар шаҳри Гулистон барномаи идона доир шуд
СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Дар ноҳияҳои Шаҳритус ва Носири Хусрав доир ба баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии аҳолӣ вохӯрӣ баргузор гардид
РӮЗИ ҶАВОНОН ТОҶИКИСТОН. Дар ноҳияи Муъминобод бахшида ба он ҳамоиши фарҳангӣ доир шуд
Дар Душанбе доир ба мафҳуми маърифати ҳуқуқӣ машварат доир шуд
РӮЗИ ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН. Дар Шаҳринав бо иштироки 5000 нафар роҳпаймоии идона баргузор гардид
Ба сокинони Файзобод муҳтавои суханронии Президенти Тоҷикистон дар мулоқот бо фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин расонида шуд