Тағйиру иловаҳо ба Конститутсия такя ба арзишҳои ахлоқиву маънавии ҷомеа аст

Май 18, 2016 11:22

Душанбе, 18.05.2016 /АМИТ «Ховар»/. Раванди ногузири ҷаҳонишавӣ арзишҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоиву маънавии ҷаҳони муосирро таҳти таҳаввулоти зудтағйирёбанда қарор додааст. Ин раванд аз як тараф падидаҳои мусбат дошта бошад, аз тарафи дигар паҳлуҳое дорад, ки сарнавишти инсонҳо ва ҳатто кишварҳои алоҳидаро зери хатарҳои ҷиддӣ мебарад. Тавре маълум аст,  дар ҷаҳони муосир табодули иттилоъ тавассути дастоварду пешрафтҳои техникиву технологияи иттилоотӣ дар як лаҳза паҳн гардида, дастраси оламиён мегардад. Муборизаҳои иттилоотии шадид нисбат ба кишварҳое, чун Ливия, Сурия, Яман ва дигаронро метавон намунаи таъсири манфии раванди ҷаҳонишавӣ маънидод кард. Бо вуҷуди ин бояд эътироф намуд, ки аз раванди ҷаҳонишавӣ ҳеч кишваре берун буда наметавонад. Танҳо кишварҳое аз таъсири манфии ин равандҳо худро ҳифз карда метавонанд, ки мардумонашон худшиносу худогоҳ буда, барои сарнавишти давлату кишвари хеш бетараф набошанд. Хушбахтона, мардуми шарифи Тоҷикистон таҳти сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон талоши бунёди ҷомеаи воқеан демократии ҳуқуқбунёдро бо гиромидошти таърих, фарҳанг, арзишҳо ва анъаноти давлатдории миллии хеш пеш гирифтааст. Мо дастовардҳои ҷаҳони муосирро меомӯзем ва бо назардошти арзишҳои ахлоқиву миллиамон дар давлатсозиву давлатдории кунунӣ истифода мебарем. Дар ин ҷода Конститутсияи (Сарқонуни) кишварамон нақши калидӣ мебозад.

Бояд гуфт, Конститутсия ҳуҷҷати сиёсӣ ва санади дорои қувваи олии ҳуқуқӣ аст, ки муҳимтарин арзишҳои ҷомеаи башариро дар самти давлатдорӣ ва ҳуқуқи инсон дар бар мегирад. Агар ин ҳуҷҷат тавассути иштироки васеи ҷомеа қабул гардад, арзиши он меафзояд. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади мардумист, зеро он бо иродаву раъйи сокинони мамлакат қабул шудааст. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рӯзгоре таҳияву қабул гардид, ки тақдири миллат ва давлатдориамон зери хатар буд. Ба тариқи раъйпурсии умумихалқӣ қабул шудани Конститутсия дар соли 1994 Тоҷикистонро аз вартаи ноумедӣ раҳоӣ дода, барои такмили истиқлолияти сиёсиву иқтисодӣ, болоравии эътибори давлату миллат дар саҳнаи байналмилалӣ ва таъмини субот дар ҷомеаи кишвар шароити мусоид фароҳам овард.

Бо назардошти пешрафту таҳаввулоти ҷомеа ду маротиба (солҳои 1999 ва 2003) ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйиру иловаҳо ворид карда шуданд, ки ин тағйиру иловаҳо ҷавобгӯ ба арзишҳои демократия – ҳукумати халқ буданд.

Имрӯз ҷомеаи Тоҷикистони соҳибистиқлол ба марҳилаи нави давлатдории хеш расидааст. Аз ин рӯ, раъйпурсӣ барои ворид сохтани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 22 майи соли равон баргузор мешавад, исботи рушди ҷомеа ва давлатдории мо мебошад. Танҳо ба ду паҳлуи тағйиру иловаҳои пешниҳодшуда таваҷҷуҳ кунем, мебинем, ки то кадом андоза онҳо дархӯри ниёзҳои ҷомеа ҳастанд. Аввал ин ки мувофиқи тағйиру иловаҳои пешниҳодшуда (ба моддаи 8, қисми 6) минбаъд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсиси ҳизбҳои сиёсии дорои хусусияти миллӣ ва динӣ манъ карда мешавад. Пешниҳоди мазкур аз таҷрибаи талхи сокинони ҷумҳурӣ сарчашма мегирад, зеро таҷриба нишон дод, ки ҳизбҳои сиёсии дорои хусусияти динӣ бо бовар ва эътиқоди мардум бозӣ мекунанд. Эътиқоди диниву мазҳабӣ бояд аз эътиқоди сиёсӣ фарқ дошта бошад. Набояд ҳар гурӯҳеву ҳар нафари алоҳида эътиқоди динии сокинони мамлакатро ба манфиатҳои ғаразноки сиёсии худ истифода барад. Мо ин таҷрибаи талхро аз сар гузаронидем. Ҳамчунин аҳзоби дар заминаи миллӣ ташкилшуда низ боиси низову тафриқаандозиҳо мегарданд. Дуюм, ба қисми 2, моддаи 34 пешниҳод шудааст, ки падару модар барои таълиму тарбияи фарзандон ва фарзандони болиғу қобили меҳнат барои нигоҳубин ва таъмини иҷтимоии падару модарон масъул мебошанд. Пешниҳоди мазкур дар такя ба арзишҳои ахлоқиву маънавии ҷомеаи мо ироа шудааст, зеро аз аввал дар оилаи миллати тоҷик масъулияти дутарафа мавҷуд буд. Тамоми осори панду ахлоқии гузаштагонамон дар ин бобат ишораҳо доранд. Аммо бо таъсири равандҳои номатлуби ҷаҳонишавӣ дар солҳои охир ин суннати аҷдодӣ то андозае халал ёфт. Дар сатҳи Конститутсия зикр шудани ин масъулият гувоҳи эътибори баланд доштани арзишҳои ахлоқиву маънавии ҷомеа дар назди давлат мебошад.

Тағйиру иловаҳои пешниҳодшуда на танҳо асосҳои сохтори конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҳким мебахшанд, балки барои тақвияти равандҳои демократӣ дар кишвар, рушди вазъи иқтисодиву иҷтимоии ҷомеа, болоравии сатҳи зиндагии мардум мусоидат мекунанд. Яъне, ҳадафи ниҳоии тағйиру иловаҳои пешниҳодшуда фароҳамсозии зиндагии боз ҳам арзандаву шоистатари сокинони Тоҷикистони соҳибистиқлол аст.

Фирдавс Ҷаҳонгирӣ

мушовири адлияи дараҷаи 1

прокурори ноҳияи Мастчоҳ

 

Май 18, 2016 11:22

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Ҳисор дар мавзуи муқовимат ба коррупсия конфронси илмӣ доир гардид
Ҷалби ташкилоти хориҷӣ ба Форуми байналмилалии «Dushanbe Invest 2025» баррасӣ гардид
«МегаФон Life»: осонтар, зудтар ва муносибтар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда шуда, сар задани селҳои пиряхӣ аз эҳтимол дур нест
Беш аз 50 хонаводаи маҳаллаи Деҳқонободи ноҳияи Мастчоҳ бо оби нӯшокӣ таъмин мегарданд
Лоиҳаи Харитаи роҳ доир ба татбиқи ташаббусҳо дар самти «Ояндабинии Осиёи Марказӣ– 2050» муаррифӣ шуд
Дар ноҳияи Ашт соҳилҳои рӯди маҳаллӣ мустаҳкам карда мешаванд
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Дар Суғд ҷаласаи сайёри Кумитаи иҷроияи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон доир гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон сар задани селҳои пиряхӣ дар назар аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 12 август, сешанбе, 224-умин рӯзи соли 2025 аст
Барои хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ омӯзиши забони олмонӣ оғоз меёбад