Таҷрибаи Тоҷикистон дар танзими муҳоҷирати иҷборӣ ва гурезаҳо қобили эътироф аст
Душанбе, 25.05.2016 /АМИТ «Ховар»/. Семинар оид ба муаррифии лоиҳа ва фаъолияти ICMPD- амалиёт барои таъмини амнияти шаҳрвандӣ дар ҷараёни танзими ҳолатҳои фавқулода вобаста ба фавҷи гурезаҳо аз 24 то 26 май дар меҳмонхонаи «ХYATT Regency» дар якҷоягӣ бо Кумитаи пешгирии ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар кори он намояндагони як қатор вазорату кумитаҳои марбут ба амният ва мудофиаи шаҳрвандӣ, аз ҷумла кор бо муҳоҷирон иштирок намуданд.
Ҳадафи чорабинӣ ҷалби саривақтии қувваҳои мудофиавӣ ва воситаҳои он барои танзим ва пешгирии ҳаракати гурезаҳо дар ҳамоҳангӣ бо ҳама сохторҳои қудратӣ мебошад.
Дар семинар полковники қувваҳои мусаллаҳи Олмон Уилрих Янссенс доир ба таърихи муҳоҷират ва омилҳои он маълумот дод. Коршиноси Маркази Ҷорҷ Маршал дар Олмон Ҷек Кларк оид ба ҳолати гурезаҳо ва муҳоҷирони давлатҳои Араб, аз ҷумла Сурия ба Олмон ва дигар давлатҳои Аврупо, ҳолат ва сабабҳои қабули гурезаҳо ва муҳоҷиронро дар ин давлат шарҳ дод.
Дар семинар аз тарафи коршиносони олмонӣ доир ба таҷрибаи бои Тоҷикистон дар танзим ва баргардонидани гурезаҳои иҷборӣ ва муҳоҷирон сухан рафта, он боиси эътироф ва дастгирӣ қарор гирифт. Аз ҷумла, Ҷек Кларк ба баргардонии гурезаҳои иҷбории Тоҷикистон, ки солҳои 90-уми асри гузашта Пешвои миллат, Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар он бевосита саҳмгузор буд, баҳои баланд дода, иброз дошт, ки ин таҷрибаи Тоҷикистон дар айни ҳол барои ҳукумати Олмон дарси ибрат ва омӯзиш бояд қарор гирад. Онҳо зикр намуданд, ки семинари мазкур маҳз барои омӯзиши таҷрибаи Тоҷикистон дар ин самт ташкил карда шудааст.
Дар семинар инчунин ба масъалаи муҳоҷирати меҳнатии шаҳрвандони Тоҷикистон ба хориҷа, омехташавии онҳо дар давлатҳои қабулкунандаи муҳоҷирони меҳнатӣ, таъсиси ҷойҳои корӣ дар дохили кишвар ва имконияти Тоҷикистон барои баромадан ба бозори меҳнати хориҷи дур, ба мисоли Олмон таваҷҷуҳ зоҳир гардид.
Кори семинар то 26 май идома хоҳад ёфт.








12 феврал дар вазоратҳои корҳои дохилӣ, адлия, Суди Олӣ ва Хадамоти гумрук нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии пешгирии экстремизми хушунатомез дар шаҳри Турсунзода ҳамоиш баргузор гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии занон ва духтарон дар соҳаи илм конфронси байналмилалӣ доир гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар шаҳри Бӯстон трансформатори муосир насб гардид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон факултети зеҳни сунъӣ ва технологияҳои нав таъсис дода шуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2025 дар ноҳияи Шаҳринав 947 нафар бо ҷойи кор таъмин гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ, Суди Олии иқтисодӣ, Бонки «Амонатбонк» ва Хадамоти иҷро нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии пешгирии экстремизми хушунатомез бо иштироки ҷавонон ҳамоиш доир гардид






