Тақвоуллоҳ Тақво: «Тоҷикистон дӯсти хуб, ҳамкори содиқ ва муттаҳиди стротежики шаҳрвандони Афғонистон аст»

Май 27, 2016 17:08

Душанбе, 27.05.2016 /АМИТ «Ховар»/. Бояд гуфт дар замони муосир, ки муборизаҳои иттилоотӣ дар ҳамаи кишварҳо авҷ гирифтаанд, хеле кам шудааст, ки доираҳои манфиатбар ва расонаҳои нотавонбин ба мавқеи Тоҷикистони азиз баҳои мусбат диҳанд. Вале тавре ки дар урфият мегӯянд: Мушк он аст, ки худ бибӯяд….
Чанде пеш коршиноси масоили байналмилалӣ Тақвоуллоҳ Тақво дар сомонаи http://kheradonline.org/news/ матлабе чоп кард, ки ба сиёсати хориҷии Ҳукумати Тоҷикистон беғаразона баҳогузорӣ кардааст. АМИТ Ховар тасмим гирифт, ки матлаби мазкурро бе таҳрир пешкаши хонандагони сомона гардонад. Инак матлаби мазкур.
Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамсояи хубу хайрандеш, ҳамкори содиқ ва муттаҳиди стротежии шаҳрвандони Афғонистон дар минтақа аст. Дар солҳои ахир ва пас аз рӯйкарди навини ҷомеаи ҷаҳонӣ ба умури Афғонистон чандин кишвар, аз ҷумла кишварҳои муқтадири ҷаҳон дар бахшҳои мухталиф бо Афғонистон ҳамкорӣ дошта ва муоҳидоти стротежик ва амниятӣ имзо намуданд. Аммо ҳамкорӣ ва паймонҳои амнияти ин кишварҳо бештар бар мабнои манофеъ ва аҳдофи хоси худашон устувор аст, то манофеъ ва масолеҳи шаҳрвандони Афғонистон, аммо дар ин миён дӯстӣ ва ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо давлат ва шаҳрвандони Афғонистон бешак ва аз навъи дигар аст, ки умдатан ба ҳадафи беҳбуди зиндагии мардуми Афғонистон ва риояти асли ҳамсоягии хуб устувор аст.
Дар ду даҳаи гузашта Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раҳбарии хирадмандона ва мудиронаи Ҷаноби Эмомалӣ Раҳмон пас аз он, ки ҷойгоҳи худро дар нақшаи сиёсии ҷаҳон ба унвони кишвари мустақил иброз намуд, ҳамвора бо мардуми Афғонистон ҳамкории наздик ва бешак дошта ва дар сахттарин шароит ва дар рӯзҳое, ки Афғонистон аз сӯи марзҳои ҷанубӣ ва ҳамсоягони бадандеши худ мавриди ҳуҷум қарор гирифт, дар канори мардуми Афғонистон содиқона ва исоргарона (ато кардан, аз барои нафъи дигарон аз манфиати худ гузаштан) истод ва аз кушоиши марзҳо ва ирсоли маводи ғизоӣ ва тадовии беморон дареғ наварзид ва пайваста ва ҳамвора дар ҷиҳати истиқрори сулҳу субот ва созандагии Афғонистон базли (ато, бахшидан) масоӣ намудааст; аз ин рӯ мардуми Афғонистон ҳеҷ гуна хотираи талх ва номаймун (бесаодат) аз ин ҳамсоягӣ ва ҳеҷ гуна нигаронӣ аз ин кишвари дӯст ва бародар надоранд  ва тадовуми ҳамкорию густариши дӯстиҳоро байни шаҳрвандони ду кишвар зарурӣ медонанд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон муштаракоти зиёди динӣ, фарҳангӣ, забонӣ, таърихӣ ва таборӣ бо мардуми Афғонистон дорад ва шаҳрвандони ҳар ду кишвар дар тӯли таърих дар як деги фарҳангӣ ҷӯшида, дар як кураи таърихӣ обдида шуда ва сарнавишту тиҷорати муштарак аз рӯзгорони душвори зиндагӣ ва ҳуҷум ва илғори (ҳуҷум) истилогарони ҷаҳонӣ доранд. Дар бораи ҳусни ҳамҷаворӣ, ҳамгунаи фарҳангӣ, манофеи муштарак ва ҳамкории шаҳрвандони Тоҷикистон ва Афғонистон мақолот ва китобҳо метавон навишт ва аз рӯзгорони талху ширин ва фарозу фурудҳои таърихӣ ва гусастаҳои қавмӣ ва достонҳои «табартақсим» дар муқотаъи (бо ҳамдигар қатъи алоқа кардан) мухталифи таърихӣ ба тафсил метавон баҳс намуд, аммо дар ин навиштори муъҷаз (мухтасар) бо таваҷҷуҳ ба тангнои вақт ва ҳавсалаи хонандагон ба чанд мавриди ҳамкорӣ ва муносиботи неки мардуми Тоҷикистон ва Афғонистон ба унвони ду кишвари мустақил, ду ҳамсояи хуб ва давлати бо ҳам бародар ишора мегардад ва баҳси мабсут (муфассал) ва мақоли маъҳудро (аҳду паймон шуда) мегузорем ба фурсати дигар ва маҷоли дигар.
1. Ҷумҳурии Тоҷикистон танҳо кишваре аст, ки дар даврони муқовимати миллӣ бар зидди ишғолгарон ва террористони байналмилалӣ то охирин лаҳза дар канори шаҳрвандони Афғонистон содиқона истод ва аз базли ҳар гуна масоъӣ ва ҳамкории мумкин ва мақдур (мувофиқи қудрат ва тавоноӣ) дареғ наварзид. Тадовуми ин ҳамкорӣ дар тавомити рӯйкарди ҷомеаи ҷаҳонӣ мунтаҷ (баргузида) ба озодии Афғонистон ва шикасти гурӯҳҳои террористӣ гардид.
2.  Ҷумҳурии Тоҷикистон дар заминаи контроли марзҳои муштарак ва ҷилавгарӣ аз басту густариши падидаи терроризм ва фаъолияти гурӯҳҳои қочоқчӣ ва дастандаркорони ҷароими созмонёфтаи байналмилалӣ нақши фаъол дошта ва ҳамкори наздики Афғонистон ба шумор меравад.
3. Ҳамасола садҳо донишҷӯи Афғонистон аз бурсҳои таҳсилии Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода намуда, дар риштаҳои мухталифи илмӣ ва тахассусӣ ба дараҷоти лисонс, мастерӣ ва дуктурӣ масруфи таҳсил ва таҳқиқ ва акмоли тахассусанд.
4. Ҷумҳурии Тоҷикистон чандин нишасти бузургу илмӣ ва байналмилалиро ҷиҳати бузургзошт аз мақоми шомихи (баланд) илмӣ ва мазҳаби ҳазрати Имоми Аъзам Абуҳанифа ба масобаи (ба монанди) пешвои мазҳабӣ беш аз шашсад миллион нафар мусалмони ҷаҳон ва соири бузургони илмӣ ва машоҳири адаби дигар, назири Абулшуъаро Рӯдакии Самаркандӣ, Мавлоно Ҷалолиллидини Муҳаммад Балхӣ, Абуалӣ Сино, Ҳаким Носири Хусрави Балхӣ, Саъдии Шерозӣ, Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ, Аллома Иқболи Лоҳурӣ ва дигар бузургони адабиёти манзуму мансури форсӣ — дарӣ баргузор намуда ва аз ин тариқ моҳияти аслӣ ва эътидоли дини мубини Ислом ва тамаддуни исломӣ ва ғаноии адабии забони форсиро ба ҷаҳон муаррифӣ доштааст.
5. Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамасола тимҳои муҷарраби (озмуда) сиҳӣ (рост) муташаккил аз докторон, дорусозон ва қобилаҳоро ба Афғонистон эъзом мекунад ва аъзои ин тимҳо бо қабули хатарҳо ва таҳдидоти амниятӣ дар манотиқи гуногун, аз ҷумла дар марбутоти вилоёти Бадахшон, Тахор, Кундуз, Бағлон, Балх ва Кобул масруфи анҷоми вазоиф ва тадовии беморонанд.
6. Қунсулгариҳо ва намояндагиҳои сиёсии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бархе аз шаҳрҳои Афғонистон фаъоланд ва ин қунсулгариҳо бо судури виза заминаи сафари бозаргонону донишҷӯёни Афғонистон ва махсусан аҳолии вулусволии сарҳади вилояти Бадахшонро мусоид сохтааст.
7. Ширкатҳои сохтмонӣ ва инҷинирони Тоҷикистон дар бозсозӣ ва эъмори саракҳо, пулҳо, клиникҳо, мактабҳо, каналҳо ва зерсохтҳои иқтисодии Афғонистон саҳм гирифта ва дар нуқтаи мухталифи Афғонистон масруфи фаъолиятанд.
8. Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз манотиқи муҳими тавлидкунандаи барқ дар ҷаҳон ба шумор меравад ва ҳам акнун чанд шаҳри муҳими Афғонистон, монанди шаҳри Қундуз ва Толиқон ва бархе вулусволиҳои сарҳадии вилояти Бадахшон аз барқи Тоҷикистон танвир (равшан)  гардида,  аҳолии ин шаҳрҳою вулусволиҳо аз барқи Тоҷикистон бо қимати арзон истифода менамоняд. Тавре ки як киловатт барқи ҳароротӣ дар шаҳри Файзобод, маркази вилояти Бадахшон 45 афғонӣ — муодили 70 сент ё 0,7  доллар ва як киловати барқи обии Тоҷикистон дар шаҳри Толиқон 3 афғонӣ — муодили 5 сент ё 0,05  доллари амрикоӣ қимат дорад.
9. Бозорчаҳои муштараки сарҳадӣ байни аҳолии чандин вулусволии Афғонистон ва Тоҷикистон дар имтидоди (тӯл) дарёи Ому фаъол буда, ҳар ҳафта бошандагони ин вулусволиҳо дар ин бозорчаҳо таҷаммӯъ ва дидор намуда, ба хариду фурӯши ашё мавриди зарурат ва мубодилаи маҳсулот ва тавлидоти маҳалии худ мепардозанд.
10. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон садҳо хонаводаи афғон ба ҳайси паноҳандаю тоҷир ва аҳли касаба зиндагӣ ва фаъолият доранд ва дарвозаҳои макотиб ва донишгоҳҳои Тоҷикистон ба рӯи фарзандони ин хонаводаҳо боз буда, ҳатто бо имтиёзи муодили шаҳрвандони Тоҷикистон таҳсил ва фаъолият менамоянд, дар ҳоле ки дар шуморе аз кишварҳо, монанди Арабистони Саъудӣ ва Эрон фарзандони афғонҳо аз ҳаққи таҳсил ва омӯзишу парвариш маҳруманд.

Тақвоуллоҳ Тақво
23.05.16.
сарчашма: http://kheradonline.org/news/ (Тавзеҳи АМИТ «Ховар»)

Май 27, 2016 17:08

Хабарҳои дигари ин бахш

БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ ОИЛА. Он барои таҳким бахшидани пояҳои оиладорӣ таҳия гардидааст
Бо занону фаъолони ноҳияи Айнӣ оид ба пойдор нигоҳ доштани оилаҳо вохӯрӣ доир гардид
Ба сокинони шаҳри Турсунзода масъалаи танзими ҷашну маросим фаҳмонида шуд
Тоҷикистон соли 2025 мизбони Конфронси байналмилалии ҳифзи пиряхҳои Созмони Милали Муттаҳид мегардад
Дар Австралия истифодаи шабакаҳои иҷтимоӣ барои наврасони то 16-сола манъ карда шуд
Дар Тоҷикистон лоиҳа оид ба таъмини микронутриентҳо ва иловаҳои витаминӣ ба инсон амалӣ мешавад
Ҷаласаи шашуми Шурои иттифоқҳои касабаи давлатҳои Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Оид ба таҳкими ҳамкории бисёрҷониба дар самти муқовимат бо ҷалби ҷавонон ба гурӯҳҳои мухталифи хатарзо конференсияи байналмилалӣ доир шуд
Ҳар сол дар баъзе мавзеъҳои Бадахшон то 150 ҳолати фаромадани тарма сабт мешавад
Дар Тоҷикистон ҷарроҳони чинӣ кӯдакону наврасонро аз ташхиси ройгон гузарониданд
Дар вилояти Хатлон давоми ду рӯз бо иштироки Сарвазири Тоҷикистон беш аз 30 иншооти таъйиноти гуногун ифтитоҳ карда шуд
Тоҷикистон ва Амрико ҳамкориро дар соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ густариш медиҳанд