Байни Тоҷикистон ва Узбекистон дар самти ҷавонон якчанд созишнома оид ба татбиқи лоиҳаҳои муштарак ба имзо расид
ДУШАНБЕ, 27.03.2026 /АМИТ «Ховар»/. 25–27 марти соли 2026 дар шаҳри Тошканд Форуми ташкилотҳои ҷавонони Тоҷикистон ва Узбекистон баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Форуми мазкур дар доираи сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Узбекистон баргузор гардида, ба таҳкими муносибатҳои дӯстона ва густариши ҳамкории ҷавонони ду кишвар заминаи мусоид фароҳам меорад.
Дар кори форум намояндагони Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон, Ташкилоти ҷамъиятии «Пайравони Пешвои миллат», IT Park Душанбе, инчунин дигар ташкилоту ниҳодҳои ҷавонон ва намояндагони бахши инноватсионӣ фаъолона иштирок намуданд.
Дар доираи барнома ҷаласаҳои пленарӣ ва муҳокимаҳо вобаста ба ҳамкорӣ дар самтҳои технологияҳои рақамӣ, соҳибкорӣ ва фаъолияти иҷтимоӣ баргузор гардиданд.
Ҳамчунин, иштирокчиён лоиҳаҳои худро муаррифӣ намуда, мулоқотҳои дуҷониба ва бисёрҷониба анҷом доданд. Дар натиҷаи форум якчанд созишнома оид ба татбиқи лоиҳаҳои муштарак ба имзо расонида шуд.
Барномаи фарҳангӣ ва боздид аз марказҳои инноватсионӣ ба иштирокчиён имкон фароҳам овард, ки бо имкониятҳои инфрасохтори ҷавонон дар Ҷумҳурии Узбекистон аз наздик шинос гарданд.
АКС: Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар Рашт бинои нави шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ ба истифода дода шуд
Дар фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон бо шаҳрвандон корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи тандурустӣ густариш меёбад
ОГОҲӢ. То 13 ноябр дар Тоҷикистон ҳавои номусоид пешгӯӣ мешавад
Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд






